Санаи 27 ноябри соли 2023 дар асоси Нақшаи омӯзиши идоравии кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2023 барои хизматчиёни давлатӣ, ва дигар кормандони Агентии хизмати давлатӣ омӯзиши идоравӣ вобаста ба ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи байналмилалии пиряхҳо ташкил карда шуд.
Омӯзиши идоравии мазкурро Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатӣ ифтитоҳ намуда.
Омӯзиши идоравӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон-пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон» аз ҷониби Қаюмов Абдулҳамид, директори муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи байналхалқии илмҳои экология ва бехатарии ҳаёт, ҳамоҳангсози Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ (WMO) оид ба криосфера ва гидрология аз Тоҷикистон, узви Комиссияи гидрологияи иқлим ва Раёсати захираҳои об дар шакли рӯнамо гузаронида шуд.
Қайд гардид, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар шароити имрӯза маҳз мавқеъгирии маҷмӯӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти рӯзмарра, рушди иқтисоди «сабз» ва пешрафти босубот заминаи боэътимод гузорад.
Дар робита ба ин, 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.
Мояи ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
— Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
— Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
— Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
— Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.
Қатъномаи номбурда аҳаммияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор қайд намудааст. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси қоҳиши густурдаи криосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкуҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон