User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 29 марти соли равон  ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар кори он аъзои ҳайати мушовара, мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо- Олимшо Меҳрӣ,

ноиби якуми ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сафарзода Даврон Ҷурахон, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ-Зуҳурзода Саид Холаҳмад, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила-Абдуллозода Умеда Бекмурод, муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ-Қурбонзода Сафаралӣ Нуралӣ, намояндагони вазорату идораҳо ва ҳайати кормандони Агентӣ иштирок намуданд.

Директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ҷаласаро ифтитоҳ намуда, дар рафти он натиҷаҳои баргузории аттестатсияи хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ дар соли 2022 ва ҳолати ҷалби занону духтарони лаёқатманд ба хизмати    давлатӣ дар соли 2022  мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

 Сардори шуъбаи идоракунии захираҳои инсонии Агентии хизмати давлатӣ Юнусзода Илҳомиддин Ғафор аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома - «Оид ба натиҷаҳои баргузории аттестатсияи хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ дар соли 2022» гузориш дода, зимни он қайд гардид, ки   дар соли 2022 кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии хизмати давлатӣ дар 155 (мақомоти марказӣ-62 ва мақомоти маҳаллӣ-93)   ҷаласаи комиссияҳои аттестатсионии мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.

Мувофиқи рӯйхат ва ҷадвалҳои пешниҳоднамудаи мақомоти давлатӣ 2832 нафар хизматчиёни давлатӣ бояд ба аттестатсияи навбатӣ фаро гирифта мешуданд. Аз ин шумора 2592 нафар, аз он зан-578 нафар хизматчиёни давлатӣ ба аттестатсия ҷалб шуда, 240 нафар  нафар бо сабабҳои узрнок (рухсатии меҳнатӣ, сафари хизматӣ, беморӣ ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ) дар аттестатсияҳо иштирок накарданд.

Тибқи хулосаҳои комиссияи аттестатсионӣ аз 2592 нафар хизматчиёни давлатии ба аттестатсия фаро гирифташуда 2396 нафар, аз он зан-527  нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ карда шуданд. Аз ин ҳайат 60 нафар, аз он зан-13 нафар барои ба мансаби баландтар таъин намудан, 87 нафар, аз он зан-23 нафар барои дохил кардан ба захираи кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ, 105 нафар, аз он зан-29 нафар барои пеш аз муҳлат додани рутбаи тахассусии навбатӣ тавсия гирифтанд.

Дар як вақт тибқи хулосаҳои комиссияҳои аттестатсионӣ 196 нафар, аз он зан-41 нафар ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ баҳогузорӣ карда шуданд. Аз ин ҳайат ба 114 нафар, аз он зан-21 нафар барои такмили ихтисос, ба 44 нафар, аз он зан-11 нафар барои ба мансаби пасттар гузаронидан, ба 38 нафар, аз он зан-9 нафар аз мансаб озод кардан тавсия дода шудааст.

Дар маҷмӯъ дар соли сипаригардида 2592 нафар хизматчиёни давлатӣ ба аттестатсия ҷалб шуданд, ки ин 13,9  фоизи шумораи умумии хизматчиёни давлатии фаъолияткунанда  ташкил дода, шумораи мазкур аз кам ҷалб шудани хизматчиёни давлатӣ ба аттестатсия шаҳодат медиҳад.

Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома «Дар бораи ҳолати ҷалби занону духтарони лаёқатманд ба хизмати    давлатӣ дар соли 2022»  муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ баромад намуд.

Зимни гузориш вобаста ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии занону духтарон маълумот дода, қайд карданд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 аз 18549 нафар хизматчиёни давлатӣ 4503 нафар ё 24,2 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Кадрҳои роҳбарикунанда, ки дар мансабҳои сиёсӣ, категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм ва чорум фаъолият мекунанд, 5843 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 1115 нафар (19,0 фоиз) занон  мебошанд.

Теъдоди хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳоро 11870 нафар, аз ҷумла, 2856 нафар (24,0 фоиз) занон, дар ҳайати роҳбарикунанда 3269 нафар, аз онҳо 543 нафар (16,6 фоиз)-ро занон ташкил медиҳанд.

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ теъдоди хизматчиёни давлатӣ 3563  нафар, аз он 1039  нафар (29,1 фоиз) занон буда, ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1446  нафар, аз ҷумла, 316 нафар (21,8 фоиз) занон мебошанд.

Теъдоди хизматчиёни давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро  3116 нафар, аз ҷумла, 606  нафар (19,4 фоиз)-ро занон ташкил дода, дар мансабҳои роҳбарикунанда 1128 нафар, аз ҷумла, 256 нафар (22,6 фоиз) занон фаъолият доранд. 

Дар ҷамъбасти ҷаласа муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила-Абдуллозода Умеда Бекмурод ва мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масаълаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ суханронӣ намуданд.

Инчунин директори Агентии хизмати давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла дар самти риояи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, сари вақт  баргузор намудани  аттестатсия, баргузор намудни аттестатсияҳои такрорӣ, риояи талаботи Низомнома дар бораи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2008, №468 (бо тағйиру иловаҳо аз 6 августи соли 2019, №133) тасдиқ карда шудааст,   ҷалби бештари бонувону ҷавонон ба хизмати давлатӣ ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

         Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул ва барои иҷро пешниҳод карда шуданд.

 

                                                              Агентии хизмати давлатии назди

                                                              Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон