User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардонидаанд.

                                                                                                                                         Эмомалӣ Раҳмон

Бо арҷгузорӣ ба бузургиву шаҳомат, мақому манзалат ва меҳрубониву самимияти модар, бо сипос ба шири поку домани биҳиштии ў, бо ихлос ба мактаби модар, ки волотарин мактаби башарият аст, Рўзи Модарро ба Шумо бонувони соҳаи хизмати давлатӣ таҳният мегӯям.

Боиси сарфарозии мост, ки дар кишвари соҳибистиқлоламон бонувон дар баробари тарбияи фарзандони солеҳ чун қувваи бузургу пешбаранда дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо пайравӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти Ватан баробари мардон фаъолияти созанда доранд ва ҳамарӯза бо ташаббусҳои наҷиб, эҷодкорӣ ва садоқату самимият қалбҳои ҳамкоронро нуру сафо мебахшанд.

Сарвари давлат аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ ба бонувон ҳамчун ба қишри асосии ҷомеа такя намуда, ҷињати тақвияти саҳми онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар тавассути тарбияи кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби бонувони лаёқатманд ва фаъолу ташаббускор ва ҷалби онҳо барои фаъолият дар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла таъин ба мансабҳои роҳбарикунанда мунтазам таъкид намуда, масъалаи мазкурро дар меҳвари сиёсати худ қарор додаанд.

Ба масъалаи ҷалби занон ба хизмати давлатӣ дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст.

Аз ҷумла, дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Љумњурии Тољикистон аз 23 декабри соли 2022 қайд гардид, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем.

Бо дарназардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд, санадњои барномавї дахлдор қабул карда шуданд.

Аз ҷумла, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №167 Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солњои 2021-2030 ва аз 27 апрели 2022, №204 Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030  тасдиқкарда шуданд.

Агентии хизмати давлатӣ ҳар семоҳа маълумотњои омории соҳаи хизмати давлатиро дархост, таҷлил ва ҷамъбаст намуда, дар доираи он мониторинги арзёбии татбиқи сиёсати гендериро дар соҳаи хизмати давлатии шаҳрвандӣ гузаронида, натиҷаҳои дахлдори он мавриди чораҷӯӣ қарор дода мешавад.

Мувофиқи таҳлили охирини маълумотҳои ҳайати миқдорӣ ва сифатии соҳаи хизмати давлатии шаҳрвандӣ ба ҳолати 1 январи соли 2023 аз 18549 нафар  хизматчиёни давлатие, ки амалан фаъолият доранд, 4503 нафар ё 24,2 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Кадрҳои роҳбарикунанда, ки дар мансабҳои сиёсӣ, категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм ва чорум фаъолият мекунанд, 5843 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 1115 нафар (19,0 фоиз) занон  мебошанд.

Дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 11870 нафар, аз ҷумла, 2856 нафар (24,0 фоиз) занон фаъолият дошта, аз 3269 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 543 нафар (16,6 фоиз) занони роҳбар мебошанд.

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии њокимияти давлатӣ теъдоди хизматчиёни давлатӣ 3563 нафар, аз ҷумла, 1039 нафар (29,1 фоиз) занон буда, ишѓолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1446  нафар, аз љумла, 316 нафар (21,8 фоиз)-ро занон ташкил медињанд.

Теъдоди хизматчиёни давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот  3116  нафар, аз ҷумла, 606  нафар (19,4 фоиз)-ро занон ташкил дода, дар мансабҳои роҳбарикунанда 1128 нафар, аз ҷумла, 256 нафар (22,6 фоиз) занон фаъолият доранд. 

Агентии хизмати давлатӣ минбаъд низ иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Вањдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбарӣ гирифта, ҷиҳати ҷалби бештари занон ба хизмати давлатӣ чораандешӣ хоҳад кард.

Хизмати давлатӣ кори пурмасъулияту пуршараф буда, воқеан ҳам хизмат ба модар ва ба Ватан аст. Умедворем, ки сафҳои хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби духтарони лаёқатманди кишвар дар минбаъда боз ҳам афзоиш меёбад.   

Дар ин роҳи пурифтихор-хидмат ба Тоҷикистони азиз ва ҳиссагузорӣ дар таъмини зиндагии шоиста барои мардуми кишвар ба Шумо бонувони хизмати давлатӣ комёбию барор таманно дорам.

Фархунда бод муқаддастарин рӯзи аҳли башар, ҷашни меҳрубонию иноят, меҳру садоқат ва ишқу зебоӣ, рӯзи олиҳаҳои шахсиятофар - Рӯзи Модар!