User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Баланд бардоштани сатҳи касбии хизматчиёни давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кадрсозӣ ба ҳисоб рафта, Агентии хизмати давлатӣ ҳамчун мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ба такмили донишҳои маъмурии хизматчиёни давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамасола барои бо таҳсили дарозмуддат ва кутоҳмуддат фаро гирифтани хизматчиёни давлатӣ чораандешӣ менамояд.

Аз соли 2009 инҷониб дар Академияи идоракунии давлатӣ барои хизматчиёни давлатӣ магистратураи яксола бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» фаъолият менамояд.

Дар натиҷаи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон давоми солҳои 2010-2020 магистратураи мазкурро 820 (зан-231) нафар хизматчиёни давлатӣ хатм намуданд.

Аз он хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ 418 (зан-111) нафар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 402 (зан-120) нафарро ташкил дода, 54 (зан-16) нафари онҳо кормандони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошанд.

Аз теъдоди 820 нафар 387 (зан-104) нафар ё 47,1 фоизи хатмкардагони магистратура ба болоравии мансабӣ ноил гардидаанд.

Дар соли 2021 боз 60 (зан-20) нафар хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба магистратура қабул гардида, айни замон таҳсил доранд.

Айни замон тибқи ҷадвали баргузории имтиҳони қабул ба зинаи магистратураи таҳсилоти яксолаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ барои соли таҳсили 2023 имтиҳонҳо аз ҷониби комиссияи босалоҳият иборат аз намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардидаанд.

Имтиҳони мазкур дар ВМКБ ва вилояти Хатлон ҷамъбаст карда шуда, тибқи ҷадвали баргузории имтиҳонҳои дигари қабул санаи 28 сентябри соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар вилояти Суғд бо иштироки Меҳрӣ Олимшо- мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо, Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Абдухалил Ғафурзода- ректори Академияи идоракунии давлатӣ, Анвар Яъқубӣ- муовини раиси вилояти Суғд имтиҳон барои дарёфти магистрантон аз ҳисоби хизматчиёни давлатии ниҳодҳои идоракунии давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.

 

                                                                                        Агентии хизмати давлатии назди                                                                                                                                       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон