User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 23 сентябри соли 2022 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод   ҷаласаи васеи сайёри ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

         Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Ибодат Ғанӣ, раиси ноҳияи Нуробод Ҷобирзода Додарҷон Пулод, сардори раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Ҷаъфар Манон,  роҳбарият (муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо -масъули мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот), роҳбарони дастгоҳ ва хадамоти кадрии дастгоҳи раисони шаҳру ноҳияҳои Роғун, Файзобод, Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш, Рашт, инчунин раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои мазкур ва масъулони Агентии хизмати давлатӣ иштирок намуданд.

Директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ҷаласаро ифтитоҳ намуда, дар рафти он вазъи иҷрои қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Роғун, Файзобод, Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш дар давраи солҳои 2020-2022 ва ҳолати таҳия ва истифодаи дастурамалҳои мансабӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҳамин шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ.  аз рўйи масъалаи якум гузориш дода, иброз дошт, ки дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 113 ҷамоати шаҳраку деҳот  (15 ҷамоати шаҳрак ва 98 ҷамоати деҳот) мавҷуд мебошад.     

Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Роғун, Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор 53 ҷамоати шаҳрак ва деҳот (6 ҷамоати шаҳрак ва 47 ҷамоати деҳот) фаъолият менамоянд.

Дар 53 ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои мазкур 406 воҳиди корӣ мавҷуд буда, дар онҳо 259 нафар (63,8 фоиз) фаъолият дошта, 147 ҷой (36,2 фоиз, ҳисоби миёнаи ҷумҳуриявӣ 12,4 фоиз)  холӣ мебошад, ки  нисбати  ҳисоби миёнаи ҷумҳуриявӣ 23,8 банди фоизӣ зиёд мебошад. Дар давраи санҷиш 55 (49,5 фоиз) ҷойи холӣ дар ҷамоатҳои ноҳияи Рашт,  19 (47,5 фоиз) ҷойи холӣ дар ҷамоатҳои ноҳияи Тоҷикобод, 11 (43,3 фоиз) ҷойи холӣ дар ҷамоатҳои шаҳри Роғун, 24 (41,4 фоиз) ҷойи холӣ дар ҷамоатҳои ноҳияи Нуробод, 12 (40,0 фоиз) ҷойи холӣ дар ҷамоатҳои ноҳияи Сангвор, 20 (28,6 фоиз) ҷойи холӣ дар ҷамоатҳои ноҳияи Файзобод  ва 6 (8,9 фоиз) ҷойи холӣ дар ҷамоатҳои ноҳияи Лахш ба қайд гирифта шуд.

Дар мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти мазкур аз 259 нафар хизматчиёни давлатии амалан фаъолиятдошта 34 нафар ё 13,1 фоиз (ҳисоби миёнаи ҷумҳуриявӣ 23,4 фоиз)-ро занон ташкил медиҳанд. 

Қайд гардид, ки аз 406 воҳиди кории амалкунанда 128 воҳид ё 31,5 фоиз мансабҳои роҳбарикунанда (мансабҳои интихобӣ)  мавҷуд буда, дар онҳо 111 (зан-11 нафар ё 9,9 фоиз) нафар фаъолият дошта, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Бӯстон, Дӯстмурод Алиев ва Чашмасори ноҳияи Файзобод, Ғарм, Аскалон, Нусратулло Махсум, Боқӣ Раҳимзода, Ҷафр, Оби меҳнат, Навдӣ, Ясман ва Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт, Ваҳдат, Чилдара, Заршӯён ва Вахиёи ноҳияи Сангвор, Ҷади Оби шаҳри Роғун, Ширинчашма, Нӯшор ва Зарафшони ноҳияи Тоҷикобод, ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои Нуробод ва Лахш дар давраи санҷиш ягон нафар зан дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият надошта, талаботи банди 2 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар бораи дар яке аз вазифаи роҳбарикунандаи ҷамоатҳо фаъолият намудани зан таъмин нагардидааст.

Инчунин, аз 259 нафар хизматчиёни давлатии фаъолияткунанда 77 нафар ё 29,7 фоиз  (ҳисоби миёнаи ҷумҳуриявӣ  48,8 фоиз) ҷавонони то 35-сола мебошанд, ки нисбати ҳисоби миёнаи ҷумҳуриявӣ 19,1 банди фоизӣ кам мебошад.

Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Файзобод ва Вашигарди ноҳияи Файзобод, Навобод, Нусратулло Махсум, Ҷафр, Оби меҳнат, Ясман ва Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт, Дарбанди ноҳияи Нуробод, Пилдон, Сартало, Лахши ноҳияи Лахш, Тавилдара, Ваҳдат ва Заршӯёни ноҳияи Сангвор, Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод дар давраи санҷиш ҷавонони то 35-сола фаъолият надоштанд.

Дар рафти санҷиши ҳолати мувофиқати ҳайати роҳбарикунандаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои мазкур ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» муайян карда шуд, ки нисбати раиси ҷамоати деҳоти Оби меҳнати ноҳияи Рашт,  раиси ҷамоати шаҳраки Оби Гарм,  раиси ҷамоати деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун,  раиси ҷамоат ва  котиби ҷамоати деҳоти Ширинчашма,  раиси ҷамоат ва  муовини  раиси ҷамоати деҳоти Нушори ноҳияи Тоҷикобод талаботи моддаи 19 Қонуни мазкур оид ба интихоби ҳайати роҳбарикунандаи ҷамоати шаҳраку деҳот аз ҳисоби вакилони ҷамоат риоя нашудааст.

Ҳолатҳои риоя накардани талаботи тахассусӣ ва таъини беозмуни хизматчиёни давлатӣ низ мушоҳида карда мешавад.

Инчунин, зимни гузориш оид ба тањияи дастурамалњои талаботи тахассусӣ, рафти амалишавии Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои мазкур маълумот дода шуд.

Аз рӯйи масъалаи «Ҳолати таҳия ва истифодаи дастурамалҳои мансабӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Роғун, Файзобод, Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш» сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатӣ Рауфзода М. Ш. гузориш доданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масаълаҳои кадрҳо Меҳрӣ Олимшо суханронӣ намуд.

Инчунин директори Агентии хизмати давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла дар самти риояи қонунгузории хизмати давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Роғун, Файзобод, Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш, пурра намудани ҷойҳои холӣ, ҷалби љавонону бонувони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ, риояи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои иҷро пешниҳод карда шуданд.

 

                                                                                                         Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                          Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон