- Муовини сардори раёсат – сардори шуъбаи ҳамлу нақли автомобилии Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 3803 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи сохтмони роҳҳои автомобилгарди Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2320 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи сохтмони роҳҳои автомобилгарди Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2320 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи хоҷагии роҳҳои Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2320 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи таҳлил ва дурнамои иқтисодии Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2320 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёти Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2320 сомонӣ.
- Сармутахассиси Раёсати молия ва баҳисобгирии муҳосибавӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2320 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши бехатарӣ дар роҳҳои автомобилгарди Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи хоҷагии роҳҳои Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи хоҷагии роҳҳои Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи роҳи оҳани Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари Бахши аудити дохилӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1890 сомонӣ.
Талаботи тахассуси
Барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мудири бахшро ба танзим медароранд.
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Талаботи тахассуси
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Талаботи тахассуси
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот бо шакли замимаи 1 Низомнома;
- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
- тарҷумаи ҳол;
- ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- 2 дона акси андозаи 4х6 ;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надоранд;
- нусхаи шиноснома;
-эъломия оид ба вазъи молу мулкӣ ва дар бораи супоридани эъломия;
- маълумот оид ба андоз аз даромад;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ муқарраргардида;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН)
- маълумотнома (справка-объективка).
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд);
Довталаб метавонанд дигар ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод намояд (банди 28 Низомнома)
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ -14
Телефонҳо барои тамос: 222-22-29, 222-22-03, почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.,
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.