User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Роштқалъа – 1 ҷой, 1956 сомонӣ.

Талаботи тахассуси барои довталабон:

  • таҳсилоти олии молиявӣ, иқтисодӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ, ки ичрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеъа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани забони давлатӣ ва забоҳои хориҷӣ;
  • маҳорати кор бо технологияи муосир (компютер).

  Маоши мансабӣ - 1956 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  •  ариза ба номи раиси шаҳр;
  •  варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
  •  тарҷумаи ҳол;
  •  нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
  •  нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
  •  маълумотнома оид ба вазъи саломати дар шакли 038 УЕ;
  •  нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
  •  маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
  •  нусхаи шиноснома;
  •  нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
  •  маълумотнома оид ба доғи судӣ

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

  Шаҳри Хоруғ, кўчаи Н.Атобек 16, бинои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ , ошёнаи 2.Индекс 736000

Телефонҳо барои тамос: \ факс: (83522) 2 – 43– 93, 2 – 60 – 64

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.