Сохтор
- Подробности
- Категория: Роҳбарият
- Намоишҳо: 33382
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси сохтори давлатӣ ва ҳуқуқ хатм намудааст. Солҳои 1982 - 1984 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС хизмат намудааст. Аз соли 1991 то 2001 дар вазифаҳои гуногуни мақомоти прокуратура (ёрдамчии прокурори ноҳияи Восеъ, муфаттиши прокуратураи ноҳияи Восеъ, муфаттиш ва сармуфаттиши корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон) кор кардааст. Минбаъд дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст:
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2015, №506 директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. |
Муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Гурез Ҷӯрахон Соли 1983 филиали Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе дар шаҳри Қӯрғонтеппаро (рӯзона) бо ихтисоси омӯзгор ва соли 2012 Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистонро (ғоибона) бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуда, дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст:
Бо медали ҷашнии «20-солагии давлатии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст. Оиладор, соҳиби як фарзанд. |
|