22:42, 12 Майи 2021
Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хизмати давлатӣ хизмат
ба Ватан ва миллат аст

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:

Категория: Озмун дар мақомоти давлатӣ

1. Сардори шуъбаи молия ва ҳисобот – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1847 сомонӣ.

2. Мутахассиси пешбари Раёсати омори саноат ва инвеститсияхо дар сохтмон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1124 сомонӣ.

3.  Мутахассиси пешбари Раёсати омори савдо ва хизматрасонӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1124 сомонӣ.

4. Мутахассиси шуъбаи нархҳо ва тарифҳо - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 924 сомонӣ.

5. Муовини сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2319 сомонӣ.

6.  Сармутахассиси Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1131 сомонӣ.

7. Сармутахассиси Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рудакӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1076 сомонӣ.

8. Мутахассиси пешбариРаёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рудакӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ - 924 сомонӣ.

9. Мутахассиси бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 724 сомонӣ.

10. Мутахассиси пешбариБахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 883 сомонӣ.

11. Мутахассис Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 724 сомонӣ.

Талаботи тахассуси барои

ишғоли мансаби муовини сардори раёсат

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиќ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад:

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм, 5 сол собиќаи хизмати давлатӣ ва ё 6 сол собиќаи умумии меҳнатӣ:

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ,банаќшагирии рованди кор ва кор бо тобеон:

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботи тахассуси

Барои ишғолкунандагони мансаби сардори шуъба:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиќ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 4 сол собиќаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиќаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банаќшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботи тахассуси

Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиќ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиќаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиќаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботи тахассуси

Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 1 сол собиќаи умумии меҳнатӣ.

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиќи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботи тахассуси

Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Довталабон ба Комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зеринро

бояд пешниҳод намоянд:

  - аризаи шахсӣ ба унвонии директори Агентӣ;

  - вараќаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

  - тарҷумаи ҳол;

  - 2 дона расми андозаи 3х4;       

  - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

  - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиќаи меҳнатӣ надорад);

  - маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли  038).

  - маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

  - нусхаи шиноснома;

  - нусхаи гувоҳномаи раќами мушаххаси андозсупоранда;

  -нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Довталабон метавонанд ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд:

ш.Душанбе, кўчаи Бохтар 17, утоќи кории №301 ва №308

Тел: 227-63-24;  221-57-21; Fax: 221-43-75;

 

Муҳлати ќабули ҳуҷҷатҳо дар давоми 21 рўз пас аз нашри эълон.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабононҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.



САВГАНДИ ХИЗМАТЧИИ

ДАВЛАТӢ

«Ман (ному насаб), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ  савганд ёд мекунам:
-адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
-Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
-дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
-тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
-ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам».

Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо садо)

  

Тақвим

<< < Апрел 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Назарсанҷӣ

Сомонаи нави моро баҳо диҳед!

Аъло - 0%
Хуб - 0%
Қаноатбахш - 0%
Ғайри қаноатбахш - 0%

Обу ҳаво

 

Ҳисобкунак

Ҳисобкунак


© 2007 - 2021 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон