User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» ва тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2023, №12798(25-3) ҷиҳати тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти занон – хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба роҳ монда шуда, то ин замон озмуни мазкур дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ва вилояти Суғд ташкил ва баргузор гардид.

Санаҳои 25-26 июли соли ҷорӣ озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» дар вилотяи Хатлон бо ҷалби 46 нафар занон-хизматчиёни давлатӣ бо иштроки намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ғолибон муайян гардиданд.

Дар озмуни мазкур котиби ҷамоати деҳоти Чоргул Бекмуродова Комила сазовори ҷои якум ва муовини раиси ҷамоати Обшорон Шарифова Хайринисо сазовори ҷои дуюм гардиданд.

 

 

МИҲД ноҳия Ёвон