User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Аз санаи 8 май то 12 майи соли 2023 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи барномаи «Таъмини баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» курси навбатии такмили ихтисос барои сардорони раёсатњо (шуъбањо/бахшњо)-и кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.

Тибқи барномаи таълимӣ санаи 12 майи соли 2023 Дилноза Аҳмадзода - муовини директори Агентии хизмати давлатӣ дар курси мазкур ба ҳайси лектори курс иштирок намуда, ба шунавандагони курс вобаста ба мавзӯи «НАҚШИ ЗАНОН ДАР ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ» дарс-лексияи омӯзишӣ гузарониданд.

Инчунин дар рафти гузаронидани лексия, қайд намуданд, ки саҳми занон дар хизмати давлатӣ назаррас буда, ҳарчӣ бештар ҷалб намудани онҳо дар шароити имрӯза бениҳоят муҳим мебошад. Ҳамзамон қайд гардид, ки таъмини баробарии гендерӣ аз оғози соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз масъалаҳои муҳими идоракунӣ дар меҳвари сиёсати Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону духтаронро дар рушди идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани саҳми онҳо дар паёмҳои ҳарсола ва дигар суханрониҳои барномавии худ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, барои афзоиш додани теъдоди занон дар хизмати давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Вобаста ба ин бо мақсади таъмини баробарии гендерӣ пайваста қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуда, марҳила ба марҳила стратегияҳо, консепсия ва барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати давлатӣ таҳия ва қабул карда мешаванд.

 

 

 

                                                                   Агентии хизмати давлатии назди 

                                                                             Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон