User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 5 майи соли 2023, дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо» баргузор карда шуд.

Чорабинии мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар кори он намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва масъулони низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дахлдори давлатї иштирок намуданд.

Дар кори конференсияи мазкур Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо маърӯзаи таҳлилӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар низоми хизмати давлатӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» суханронӣ намуд.

Конфронси ҷумҳуриявӣ бо мақсади баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар кишвар, дарки муҳиммият ва нозукиҳои ин самти фаъолият, баланд бардоштани савияи касбии масъулони низоми махфияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, пайдо намудани роҳҳои бартарафсозии камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар фаъолияти онҳо ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар кишвар дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, дар ҳошияи таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ доир карда шуд.

Бо дарназардошти рушди техника ва технологияи муосир, роҳандозӣ гардидани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ҳукумати электронӣ ва рақамикунонии иқтисоди миллӣ, баррасии масъалаҳои ҳифзи иттилоот аз ҷониби иштирокчиён мавриди таҳлил ва корбарии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Ҳамзамон бо ин, масъалаҳои ҳифзи боэътимоди иттилооти дастрасиаш маҳдуд баррасӣ шуда, доир ба роҳҳои ҳалли мушкилоти техникию инфрасохторӣ ва таъминоти кадрӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд.

 

 

 

                                                                Агентии хизмати давлатии назди

                                                                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон