User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Курси сайёри такмили ихтисос аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти идоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъбаст гардид.

Дар ҷамъбасти курси сайёр ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуалимзода И.И., директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷ.М. ва мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои вилояти Суғд Рустамзода С.Ҳ. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи курси мазкур барои шунавандагон дар мавзуъҳои муаррифии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои миллӣ ва нақши онҳо дар ташаккули худшиносии миллӣ ва ғайраҳо машғулиятҳо гузаронида шуд.

Дар ҷамъбасти курси сайёр барои шунвандагон гувоҳномаҳои хатм тақдим карда шуд.

Манбаъ: Саҳифаи фейсбукии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии хизмати давлатии назди

                                                                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон