User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Имрӯз, 26 апрели соли 2023, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври сеюми курси омӯзишии дуалӣ аз рӯи барномаи «Зан–сарвар» барои тайёр кардани ҳайати роҳбарикунанда аз ҳисоби занони фаъолу лаёқатманд – хизматчиёни давлатии маќомоти иљроияи њокимияти давлаии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оғоз гардид.

Курси омӯзишии мазкур бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» курсҳои омӯзишии дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ таҳти унвони «Зан – сарвар» ташкил ва баргузор карда мешавад.

Дар маросими ифтитоҳи курс Давлатов Ҷ.М. -директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ғафурзода А.Д.-ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шунавандагони курси мазкур иштирок намуданд.

Дар расми ифтитоҳи курс масъулин иброз доштанд, ки курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ба он занону духтароне, ки дар мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кору фаъолият доранд, ҷалб карда шудаанд. Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ мақомоти қонунгузори мамлакат то ба имрӯз як зумра санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул намудааст, ки онҳо барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.

Таъкид шуд, ки ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда инчунин, беҳтар намудани шароити кору фаъолияти онҳо аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дорад.     Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шаклҳои муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузоштааст.

Қайд гардид, ки ҳадаф аз баргузории курс ин мусоидат барои аз худ намудани дониш ва тарзу усулҳои муосири роҳбарӣ дар идоракунии давлатӣ ва таъмини баробарии гендерӣ мебошад.

        

                                                                Агентии хизмати давлатии назди

                                                                             Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон