Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Дар нимсолаи аввали соли равон аз 5937 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1143 нафари он занон мебошанд, ки ин теъдод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 нафар зиёд аст.

Дар ин бора Ҷумъа Давлатов, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 июл зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки дар маҷмуъ шумораи занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ 4556 нафарро ташкил медиҳад. Ин адад низ нисбат ба ҳамин давраи соли қабл 118 нафар зиёд мебошад.

Дар ин давра ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои касбию ҳуқуқии занон ва омода намудани онҳо барои ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда, ба хизматчиёни давлатӣ дар вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва шахру тобеӣ ҷумҳурӣ даври якуми курси омӯзишии дуалӣ гузаронида шудааст.

 

 

 

Сарчашма:javonon.tj