Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик:

  1. Сармутахассис бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2168,40 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари бахши умуми назорат ва муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи раиси ноҳияи Темурмалик - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1779,20 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1779,20  сомонӣ.
  1. Сармутахассис (сарзоотехник)-и шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2168,40 сомонӣ.
  2. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2168,40 сомонӣ.
  3. Мутахассиси бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1459,50 сомонӣ.

 

Мақомоти худидоркунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия:

  1. Сармутахассис (оид ба корҳои дин)-и Ҷамоати шаҳраки Баҳманрўд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2168,40 сомонӣ.
  2. Сармутахассис (сармуҳосиб) - и Ҷамоати деҳоти Баҳманрўд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2168,40 сомонӣ.
  3. Сармутахассис (заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Ҳусайнобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2168,40 сомонӣ.
  4. Сармутахассис (заминсоз) - и Ҷамоати деҳоти Танобчӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2168,40 сомонӣ.
  5. Сармутахассис (заминсоз) - и Ҷамоати деҳоти Кўшктеппа - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2168,40 сомонӣ.
  6. Сармутахассис (заминсоз) - и Ҷамоати деҳоти Чилчаҳ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2168,40 сомонӣ.
  7. Сармутахассис (сармуҳосиб) - и Ҷамоати деҳоти Чилчаҳ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2168,40 сомонӣ.
  8. Сармутахассис (сармуҳосиб) - и Ҷамоати деҳоти Гурдоварон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2168,40 сомонӣ.
  9. Сармутахассис (оид ба корҳои дин)-и Ҷамоати деҳоти Ҳусайнобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2168,40 сомонӣ.
  10. Сармутахассис (оид ба корҳои дин)-и Ҷамоати деҳоти Чилчаҳ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2168,40 сомонӣ.
  11. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Чилчаҳ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1779,20 сомонӣ.
  12. Мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгири ҳарби)-и Ҷамоати шаҳраки Баҳманрўд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1779,20 сомонӣ.
  13. Мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгири ҳарби)-и Ҷамоати деҳоти Танобчӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1779,20 сомонӣ.
  14. Мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгири ҳарби)–и Ҳусайнобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1779,20 сомонӣ.
  15. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Кангурт - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1779,20 сомонӣ.
  16. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Кангурт - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1459,50 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

  • Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ);

- 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба номи роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

  Ноҳияи Темурмалик, кўчаи ба номи И.Сомони  

Суроғаи почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефонҳо барои тамос: 8331421233, факс 8331421396.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Темурмалик муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.