Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Мудири бахши рақамикунонӣ ва иноватсияи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2648 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси бахши рақамикунонӣ ва иноватсияи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2390 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2390 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хоруғ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2279 сомонӣ.
  5. Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2168 сомонӣ.
  6. Сармутахассиси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дарвоз - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2168 сомонӣ.
  7. Сармутахассиси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ванҷ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2168 сомонӣ.
  8. Сармутахассиси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Роштқалъа - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2168 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1959 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати давлатии истифодаи ҳифзи ҳавои атмосфера ва захираҳои оби Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1959 сомонӣ.
  11. Мутахассиси шуъбаи банақшагирӣ, муҳосибот, кадр, ҳуқуқ ва коргузории Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1612 сомонӣ.
  12. Мутахассиси шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1612 сомонӣ.
  13. Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хоруғ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1862 сомонӣ.
  14. Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1779 сомонӣ.
  15. Мутахассиси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мурғоб - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1459 сомонӣ.
  16. Мутахассиси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дарвоз - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1459 сомонӣ.
  17. Мутахассиси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дарвоз - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1459 сомонӣ.

 

 Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мудири бахш:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мудири бахшро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассуси

                                       Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Бароии ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба номи роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

  Шаҳри Хоруғ, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист

Телефонҳо барои тамос: 2-66-62, 2-55-68, 91-926-29-09,  93-602-29-09.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Сарраёати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

    Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.