Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Дастгоҳи марказӣ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ:

  1. Мутахассиси пешбари раёсати пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1798 сомонӣ.
  2. Мутахассиси шуъбаи умумӣ ва корҳои махсус, маоши мансабӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ.
  3. Мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, таҳлил ва робита бо ҷомеа – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ.
  4. Мутахассиси бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ.
  5. Иҷрочии Хадамоти иҷро ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  6. Иҷрочии Хадамоти иҷро ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  7. Иҷрочии Хадамоти иҷро суди ҳарбии гарнизони Душанбе – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  8. Иҷрочии Хадамоти иҷро ноҳияи Шаҳринав – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ.
  9. Иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар ноҳияи Лахш – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1809,60 сомонӣ.

 

Раёсати иҷро дар ВМКБ:

  1. Мутахассиси пешбари раёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1599,20 сомонӣ.
  2. Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1390,40 сомонӣ.
  3. Иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар суди ҳарбии гарнизони Хоруғ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1950 сомонӣ.
  4. Иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар шаҳри Хоруғ, маоши мансабӣ – 1950 сомонӣ.
  5. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар суди ҳарбии гарнизони Хоруғ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1602 сомонӣ.
  6. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Хоруғ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1602 сомонӣ.
  7. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Дарвоз – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1532,40 сомонӣ.
  8. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Мурғоб – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2375,60 сомонӣ.
  9. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Рушон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1532,40 сомонӣ.
  10. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Роштқалъа – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1532,40 сомонӣ.
  11. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Шуғнон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1532,40 сомонӣ.

 

Раёсати иҷро дар вилояти Суғд:

  1. Мутахассиси раёсат, маоши мансабӣ – 1345,60 сомонӣ.
  2. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар суди иқтисодии вилояти Суғд – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  3. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Хуҷанд – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  4. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Панҷакент – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  5. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Конибодом – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  6. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ.
  7. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ.

 

Раёсати иҷро дар вилояти Хатлон:

  1. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Бохтар – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ.
  2. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Норак – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  3. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  4. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар шаҳри Левакант – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  5. Иҷрочии Хадамоти иҷро дар ноҳияи Фархор – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби иҷрочии калони мақомоти иҷро:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар ва иҷрочии мақомоти иҷро:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, ду забони хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот бо шакли замимаи 1 Низомнома;

- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

- тарҷумаи ҳол;

- ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- 2 дона акси андозаи 4х6 ;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надоранд;

- нусхаи шиноснома;

-эъломия оид ба вазъи молу мулкӣ ва дар бораи супоридани эъломия;

- маълумот оид ба андоз аз даромад;

- нусхаи  гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  038 УЕ муқарраргардида;

- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН)

- маълумотнома (справка-объективка).

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд);

 

Довталаб метавонанд дигар ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод намояд (банди 28 Низомнома)

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

   Ҳуҷҷатҳо аз тарафи комиссияи қабул, дар нишонии шаҳри Душанбе, кўчаи И.Сомонӣ 8 (бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ошёнаи 3-юм).

Телефонҳо барои тамос: 2-28-98-29; 2-28-98-36.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

     Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.