Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик:

  1. Сармутахассис бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1809,06 сомонӣ.
  2. Сармутахассис (сарзоотехник)-и шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1809,06 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик 1 ҷой, маоши мансабӣ 1484,08 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик 1 ҷой, маоши мансабӣ 1484,08 сомонӣ.

 

Мақомоти худидоркунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия:

  1. Сармутахассиси (оид ба корҳои дин)-и Ҷамоати шаҳраки Баҳманрўд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1809,06 сомонӣ.
  2. Сармутахассис (заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Њусайнобод - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1809,06 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Танобчӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1809,06 сомонӣ.
  4. Сармутахассис (заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Танобчӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1809,06 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Танобчӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1484,08 сомонӣ.
  6. Сармутахассис (заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Чилчаҳ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1809,06 сомонӣ.
  7. Сармутахассиси (оид ба корҳои дин)-иҶамоати деҳоти Чилчаҳ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1809,06 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбари (нозири мизи бақайдгирии ҳарб)-и Ҷамоати деҳоти Танобчӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1484,08 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Кангурт - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1484,08 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

      Барои ишғоли мансаби  сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

   Барои ишғоли мансаби  мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвонии роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо ду дона расми андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнати (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахси собиқаи меҳнатӣ надорад;

- маълумот оид ба вазъи саломатии шакли 038УЕ;

- нусхаи шиноснома;

- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;

- гувоҳнома рақами мушаххаси андозсупоранда;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

         Ноҳияи Темурмалик, кўчаи ба номи И.Сомони бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик, ошёнаи 1 якуми шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрхои дастгоҳи раиси ноҳияи Темурмалик  Индекс: 735340, почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон барои тамос: 8331421233, факс 8331421396.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо  21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

    Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.