1.Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1561 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансабӣ мудири шуъба:
- таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисоси филологияи тоҷик, шарқшиносӣ;
- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ ҳатмист ва донистани яке аз забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад;
- маҳорати кор бо технологияи муосир (компютер);
2.Мутахассиси пешбари бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 996 сомонӣ.
Талаботи ассоси нисбати довталаб:
- таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисоси бойгоншиносӣ, таърих ва ҳуқуқ, таърих, ҳуқуқшинос;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ ҳатмист ва донистани яке аз забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад;
- маҳорати кор бо технологияи муосир (компютер);
Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои
зеринро пешниҳод менамоянд:
- ариза ба номи раиси шаҳр;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома оид ба доғи судӣ
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз баъд аз нашри эълон
Суроға: шаҳри Хоруғ, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ, хиёбони Ш. Шоҳтемур 60
Индекс 736001
Тел \ факс: 2 –30 – 78, 2 –13 – 84 тел/мобилӣ 93-533-08-74, 93-602-29-09