Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сардори раёсати қонунгузории гражданӣ ва мурофиавии сарраёсати қонунгузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2746.60 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи қонунгузории маориф, илм, фарҳанг ва иттилооти  сарраёсати қонунгузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1380 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси шуъбаи қонунгузории истифодаи замин, манзил, шаҳрсозӣ ва кишоварзии сарраёсати қонунгузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1380 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси шуъбаи шартномаҳои байналмилалӣ ва таҳлили вазъи риояи ҳуқуқи инсони раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1380 сомонӣ.  
  5. Сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқии лоиҳаҳои байналмилалии инвеститсионии раёсати робитаҳои байналмилалии ҳуқуқӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1380 сомонӣ.  
  6. Мутахассиси пешбари шуъбаи гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии раёсати баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1124,70 сомонӣ.  
  7. Мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати ёрии ҳуқуқӣ  ба шаҳрвандон ва корҳои ҳуқуқӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1124,70 сомонӣ.  
  8. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Роғуни Вазорати адлияи Ҷумҳурии – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 942 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рашти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 883 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Нурободи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 883 сомонӣ.
  11. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Лахши Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 901,20 сомонӣ.
  12. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ашти вилояти Суғди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 972,90 сомонӣ.
  13. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 924,60 сомонӣ.
  14. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 883,20 сомонӣ.
  15. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 883,20 сомонӣ.
  16. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 883,20 сомонӣ.
  17. Мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии        ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Вазорати адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1ҷой, маоши мансабӣ– 972,20 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сардори раёсат

–таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки уҳдадориҳои мазкури мансаби маъмурии хизматии давлатиро таъмин карда метавонад, 6 сол собиқаи хизматии давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва  кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират дар ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ  ҳангоми ҳифзи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис

           – таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки уҳдадориҳои мазкури мансаби маъмурии хизматии давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизматии давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

         - малакаи хуби муошират дар ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми ҳифзи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар 

          - таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, ки иҷрои самараноки уҳдадориҳои мансаби мазкури маъмурии хизматии давлатиро таъмин карда метавонад - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

- малакаи хуби муошират дар ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми ҳифзи манфиатҳои давлатӣ.

ТАЛАБОТ БАРОИ  ДОВТАЛАБ:

       Таҳсилот : олии  ҳуқуқшиносӣ:

       Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

     - ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ ;

     - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

     - тарҷумаи ҳол;

     - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

     - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

     - маълумотнома аз сармаркази иттилоотӣ-таҳлили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

     - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

     - нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

     - эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;

     - нусхаи шиноснома;

     - нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

     - парванда (лифофа – 1 дона)

             Довталабон метавонанд оид ба таҷрибаи кор ва сатҳи касбии худ маълумоти иловагӣ (нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи дараҷа ва унвони илмӣ, такмили ихтисос, номгӯи корҳои илмӣ, тавсифномаҳо, тавсияҳо) пешниҳод намоянд.

             Озмун аз се марҳила иборат аст, марҳилаи якум - омӯзиши ҳуҷҷатҳои довталабон, марҳилаи дуюм - гирифтани кори хаттӣ ва марҳилаи сеюм - саволу ҷавоб бо ҳар як довталаб. Шахсоне, ки аз марҳилаи якум ва дуюм намегузаранд, ба марҳилаи сеюми озмун даъват карда намешаванд ва ҳуҷҷатҳояшон баргардонида мешавад.

    

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

            Барои дастрас намудани маълумоти иловагӣ ба раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути суроғаи электронии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, (Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.), рақами телефони  221-61-09 (факс) метавонед муроҷиат намоед.

 

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун 21 рӯзро ташкил медиҳад.

*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд 

ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.