Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

1.Сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Агентии хизмати давлатӣ

барои ишғоли мансаби мазкур талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

-таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ (ба таҳсилоти олии дараҷаи магистр бартарӣ дода мешавад);

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии муовини сардори шуъбаро ба танзим медароранд;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.

Маоши мансабӣ 1380,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

2.Сармутахассиси шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Суғд

барои ишғоли мансаби мазкур талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва/ё иқтисодӣ бартарӣ дода мешавад);

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медароранд;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.

Маоши мансабӣ 1186,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансабҳои мазкур дар Агентии хизмати давлатӣ ва сомонаи Агентии хизмати давлатӣ шинос шаванд.

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

-ариза ба номи директори Агентии хизмати давлатӣ;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи эъломия оид ба андоз аз даромад ва эъломия оид ба вазъи молумулкӣ;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ дар муҳлати 21 рўз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кўчаи Саид Носир-33, индекс: 734003, телефон/факс: (37) 224-02-74, почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., Нишонии сомонаи Агентии хизмати давлатӣ: www.ahd.tj.