Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси (оид ба кадр) бахши ҳуқуқ, корҳои кадрии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2390,80 сомонӣ.
  2. Мутахассиси шуъбаи коркарди ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1612,40 сомонӣ.
  3. Мутахассиси шуъбаи коркарди суратҳисобҳои Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1612,40 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино - 1 ҷой, маоши мансабӣ -1529,00 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

       Барои ишғоли мансаби  сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ(барои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ);

- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ(барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста,ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ваозодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ  мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;.

- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияи иттилоотӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

    Барои ишғоли мансаби  мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста,ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ваозодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ  мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;.

- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияи иттилоотӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби  мутахассис:

- таҳсилоти олӣ, оилии нопурра ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста,ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ваозодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

- малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ  мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;.

- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияи иттилоотӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба номи роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

  Шаҳри Душанбе, н.Фирдавсӣ, кӯчаи Мушфиқӣ 103 "А";

Телефонҳо барои тамос: 233-81-02,  233-81-07.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.