Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси бахши иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2043,44 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилоят – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1688,10 сомонӣ.
  3. Мутахассиси шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилоят – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1397,92,10 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1688,10 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1688,10 сомонӣ.
  6. Мутахассиси Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1397,92 сомонӣ.
  7. Мутахассиси шуъбаи сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1397,92 сомонӣ.
  8. Мутахассиси Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1397,92 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбари Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1688,10 сомонӣ.
  10. Мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1397,92 сомонӣ.

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассуси

                                       Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба номи роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

  Кучаи Ш.Шоҳтемур, бинои дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Индекс 736000

Телефонҳо барои тамос:/факс (83522) 2-26-91, 2-37-52

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии ВМКБ муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.