Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

 

  1. Сармутахассиси Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2320 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари Раёсати растанипарварӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари Шуъбаи мониторинги барномаҳои давлатии Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари Шуъбаи сиёсати аграрӣ ва дастгирии бахши хусусии Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари Шуъбаи умумӣ ва назорати Раёсати корҳо - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ.
  8. Мутахассиси Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ.
  9. Мутахассиси Шуъбаи аудити дохилӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.
  10. Мутахассиси Раёсати молия ва муҳосибот - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

  • таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

  • таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

  • таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:

-  ариза ба унвони роҳбари мақомот;

-  варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

-  тарҷумаи ҳол;

-  нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-  нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-  маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038);

-  нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

-  нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН)

-  маълумотнома аз мақомоти андоз оид ба андоз аз даромад ва оид ба  

   вазъи молу мулкӣ;

-  нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо  

   намудаанд);

-  маълумотнома оид ба мавҷуд набудани доғи судӣ;

маълумотнома (объективка).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

   Шаҳри Душанбе, н.Сино, кўчаи Шамсӣ 5/1

Телефонҳо барои тамос: 235-39-18, 235-38-61, 235-38-44, 235-38-17.

почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

     Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.