Рейтинг:  1 / 5

Звезда активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Раёсати омори савдо ва хизматрасонӣ:

  1. Муовини сардори раёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 3803,80 сомонӣ.
  2. Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.

 

Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмон:

  1. Сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2320,00 сомонӣ.

 

Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист:   

  1. Сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2320,00 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ.

 

                       Раёсати системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молия:

  1. Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ.

 

Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалӣ:

  1. Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554 сомонӣ 40 дирам;

 

Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ:

  1. Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.

 

Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус:

  1. Ёвари директор – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1798,40 сомонӣ.

 

                     Шуъбаи Агентии омор дар ноҳияи Файзобод:

  1. Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1345,60 сомонӣ.

                                                                 

Бахши Агентии омор дар ноҳияи Лахш:

  1. Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1239,60 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат:

  • таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
  • малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

  • таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

  • таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

  • таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  - аризаи шахсӣ ба унвонии директори Агентӣ;

  - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

  - тарҷумаи ҳол;

  - 2 дона расми андозаи 3х4;       

  - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

  - маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ;

  - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

  - маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038).

  - маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк (аз мақомоти андози маҳали зист);

  - нусхаи шиноснома;

  - нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

  - нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

 Шаҳри Душанбе, кўчаи Бохтар 17, утоқи кории №30  ва №31

Телефонҳо барои тамос: 227-63-24;  221-57-21;

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.