Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

  1. Сармутахассис- сармуҳосиби дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554,40 сомонӣ.

 

Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон:

  1. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Палос - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1728,40 сомонӣ.
  2. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз) - и Ҷамоати шаҳраки Палос - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1728,40 сомонӣ.
  3. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Палос – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1415,20 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ

      Барои ишғоли мансаби  сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

   Барои ишғоли мансаби  мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

 

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи баҳисобгирии кадрҳо;

- шарҳи ҳол;

- нусхаи диплом;

- 2 дона расми 3х4;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  038 У;

- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

-маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ;

-маълумотнома (справка- объективка).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

     Шаҳри Бўстон, кўчаи Опланчук 2а, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бўстон, ошёнаи 1, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр.

Телефонҳо барои тамос: 8-(34-51) 5-18-22, 5-11-77.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

   Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.