Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Мудири Бахши аудити дохилӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 2560 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи таҳлил ва дурнамои иқтисодии Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2320 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси шуъбаи рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёти Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 2320 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси шуъбаи хоҷагии роҳҳои Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2320 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари шуъбаи роҳи оҳани Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари шуъбаи хоҷагии роҳҳои Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳо – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари Бахши аудити дохилӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1890 сомонӣ.
  8. Мутахассиси шуъбаи ҳамлу нақли автомобилии Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554 сомонӣ.
  9. Мутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назароати Раёсати корҳо - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1554 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ 

Барои ишғоли мансабӣ мудири бахш:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

 - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

 - донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

 - донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

 - кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

  - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

 - донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

 - донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

 - кор карда тавонистан бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотномаи тиббии шакли 038 УЕ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома оид ба доғи судӣ;

- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА).

- нусхаи СИН

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

  Шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ -14

Телефонҳо барои тамос: 222-22-29, 222-22-03, почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.,

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.