Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассис оид ба ташкили хизматрасонии тиббӣ ба кўдакони шуъбаи ташкилии хизматрасонии тиббӣ ба модарону кўдак ва танзими оила - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1998 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбар оид ба мудофиаи гражданӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1636 сомонӣ.

 Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони сардори Раёсат;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти зарурии касбӣ, такмили

-ихтисос (диплом, шаҳодатнома ва ғайра)

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи умумии корӣ (нусхаи дафтарчаи

меҳнатӣ);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038;

-нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

-хислатнома аз ҷои кори пештара (фаъолият карда бошад);

- маълумот дар бораи доштан (надоштани) доғи судӣ;

-нусхаи билети ҳарби (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

-маълумотнома (резюме) дар шакли электронӣ.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

 Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур кўчаи Нарзиқулов-8,

Телефон барои тамос: 223-11-93, почтаи эл: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

   Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт.карда мешавад.