Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сардори раёсати назорати таъмини оби ошомиданӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 4409,90 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси раёсати назорати таъмини оби ошомиданӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ - 2204,00 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари раёсати назорати таъмини оби ошомиданӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1798,00 сомонӣ.
  4. Мутахассиси раёсати назорати таъмини оби ошомиданӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ - 1484,00 сомонӣ.
  5. Сардори шуъбаи рафъи обҳои партов ва хизматрасониҳои коммуналӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2967,80 сомонӣ.
  6. Сармутахассис шуъбаи рафъи обҳои партов ва хизматрасониҳои коммуналӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2204,00 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари шуъбаи рафъи обҳои партов ва хизматрасониҳои коммуналӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1798,00 сомонӣ.
  8. Мутахассиси шуъбаи рафъи обҳои партов ва хизматрасониҳои коммуналӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1484,00 сомонӣ.
  9. Сармутаххасиси шуъбаи молия, иқтисод ва баҳисобгирии муҳосиби - 2 ҷой, маоши мансабӣ - 2204,00 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбари шуъбаи молия, иқтисод ва баҳисобгирии муҳосиби - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1798,00 сомонӣ.
  11. Сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, ҳуқуқ ва корҳои махсус - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2204,00 сомонӣ.
  12. Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо, ҳуқуқ ва корҳои махсус - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1798,00 сомонӣ.
  13. Мутахассиси шуъбаи кадрҳо, ҳуқуқ ва корҳои махсус - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1484,00 сомонӣ.
  14. Сардори бахши рақамикунонӣ, таъминоти низоми билингӣ ва робита бо ҷомеа – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2434,85 сомонӣ.
  15. Сармутахассиси бахши рақамикунонӣ, таъминоти низоми билингӣ ва робита бо ҷомеа - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2204,00 сомонӣ.
  16. Мутахассиси пешбари бахши рақамикунонӣ, таъминоти низоми билингӣ ва робита бо ҷомеа - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1484,00 сомонӣ.
  17. Сардори бахши муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2434,85 сомонӣ.
  18. Сармутахассиси бахши муносибатҳои байналмилалӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2204,00 сомонӣ. 
  19. Мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1484,00 сомонӣ.
  20. Сардори бахши котибот, коргузори ва назорат – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2434,85 сомонӣ.
  21. Мутахассиси пешбари бахши котибот, коргузори ва назорат - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1484,00 сомонӣ.

 Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сардори Раёсат:

 - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 -  3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

 -  дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон; 

 - донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 - донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва имлои забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ;

 - донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 - малакаи хуби муошират ва маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

 - маҳорати кор бо компютер, донишу малакаи кофӣ аз рўи ихтисос.

 

Талаботи тахассусӣ 

Барои ишғоли мансабӣ сардори шуъба:

 - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;

 - 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

 - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

 - донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;

 - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ 

Барои ишғоли мансабӣ мудири бахш:

 - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;

 - 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

 - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

 - донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;

 - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

 - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

 - донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

 - донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

 - кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

 - 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

 - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

 - донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

 - донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

 - кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

  - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

  - донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

 - донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

 - кор карда тавонистан бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд

-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №038;

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

  Шаҳри Душанбе кўчаи Н.Қарабоев 56 почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон барои тамос: +992 (37)  2334983

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.