Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Мудири бахши ҳуқуқи дастгоҳи Раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.
  2. Сармутахаасиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳия - 2 ҷой, маоши мансаби – 1902,40 сомонӣ.

     3. Сармутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи Раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши мансаби – 1902,40  сомонӣ.

  1. Сармутахассиси бахши ҳуқуқи дастгоҳи Раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси бахши иттилооти дастгоҳи Раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи Раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатиӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1902,40  сомонӣ.
  1. Мутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218 сомонӣ.
  2. Мутахассиси шуъбаи иҷтисодт ва савдои МИҲД-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218 сомонӣ.
  3. Мутахассиси бахши коммуналӣ,муҳандисӣ, ва ободонии МИҲД-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳрии Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218 сомонӣ.
  4. Мутахассиси бахши фарҳанги МИҲД-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1218 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мудири бахш:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- аризаи шахсӣ ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона расми андозаи 3х4);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038УЕ);

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молу мулкии худ;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома (резюме) дар шакли хаттӣ ва электронӣ;

- маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ (иловатан).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

       Ноҳияи Шоҳмансур кўчаи Айнӣ 20, утоқи 6, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи  Шоҳмансур.

Телефон барои тамос: 223 - 23 – 49.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.