Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сардори раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти рушди сайёҳӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 4409,90 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти рушди сайёҳӣ – 3 ҷой, маоши мансабӣ - 2204,00 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти рушди сайёҳӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1798,00 сомонӣ.
  4. Сардори раёсати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 4409,90 сомонӣ.
  5. Сармутахассиси раёсати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ – 2 ҷой, маоши мансабӣ - 2204,00 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари раёсати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ – 1 ҷой,
  7. Сардори шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва корҳои махсус – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2967.80 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва корҳои махсус – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1798,00 сомонӣ.
  9. Мутахассиси шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва корҳои махсус – 1 ҷой,
  10. Сардори шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2967.80 сомонӣ.
  11. Сармутахассиси шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2204,00 сомонӣ.
  12. Мутахассиси пешбари шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1798,00 сомонӣ.
  13. Мутахассиси шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - – 1798,00 сомонӣ.
  14. Сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2967.80 сомонӣ.
  15. Сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2204,00 сомонӣ.
  16. Мутахассиси пешбари бахши омор, ҷалби сармоягузорӣ ва рақамикунонӣ дар соҳаи сайёҳӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1798,00 сомонӣ.
  17. Мудири бахши котибот, матбуот ва маркетинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2434.85 сомонӣ.
  18. Мутахассиси бахши котибот, матбуот ва маркетинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1484,00 сомонӣ.
  19. Сармутахассиси бахши коргузорӣ ва назорат – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2204,00 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сардори раёсат:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансаби категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сардори шуъба:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мудири бахш:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои  ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (акси рангаи 3х4, ва 4х6, 4 дона);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли №038);

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи шаҳодатномаи дахлдори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;

- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ;

- маълумотнома аз ҷои истиқомат.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Телефон барои тамос:224-71-50,

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

 Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.