12 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи саммити Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо Президенти Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Масатсугу Асагава мулоқот намуданд.
ПодробнееМАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
- Подробности
- Категория: ОЗМУН
- Просмотров: 278
Дастгоҳи раиси ноҳия
- Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 871,5 сомонӣ.
Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии ноҳия:
- Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия (соҳаи растанипарварӣ) -1 ҷой, маоши мансабӣ – 1294, 8 сомонӣ.
- мутахассиси бахши сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия -1 ҷой, маоши мансабӣ 1276 сомонӣ.
Мақомоти худидоракунии
шаҳрак ва деҳоти ноҳия:
- Сармутахассис- муҳандиси заминсози Ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236,7 сомонӣ.
- Сармутахассис- муҳандиси заминсози Ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236,7 сомонӣ.
- Сармутахассис- муҳандиси заминсози Ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳия-1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236,7 сомонӣ.
- Сармутахассис- муҳандиси заминсози Ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236,7 сомонӣ.
- Сармутахассис- муҳандиси заминсози Ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236,7 сомонӣ.
- Сармутахассис- муҳандиси заминсози Ҷамоати деҳоти ба номи С.Турдиеви ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236,7 сомонӣ.
- Сармутахассиси (сармуҳосиби) Ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236,7 сомонӣ.
- Сармутахассиси (сармуҳосиби) Ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236,7 сомонӣ.
- Сармутахассиси (сармуҳосиби) Ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1236,7 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои андози Ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012,6 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012,6 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Панҷрўди ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012,6 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти “Қаҳрамон”-и ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012,6 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012,6 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012,6 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012,6 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти ба номи С. Турдиеви ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012,6 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012,6 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар, нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012,6 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар, нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012,6 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар, нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти ба номи С. Турдиеви ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012,6 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар, нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012,6 сомонӣ.
- Мутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Панҷрўлди ноҳия 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1276 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- кор карда тавонистан бо компютер.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №038;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳраки Москва, кўчаи Исмоили Сомонӣ - 18, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.
Телефон барои тамос: (8-33-15) 2 - 22 - 56
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.
С А В О Л Ҳ О
Асосхои сохтори Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(мутобиқи моддаи 1 Конститутсия - Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати сохибихтиёр, демократии, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, Тоҷикистон давлати иҷтимои буда барои хар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фарҳам меорад). Аз моддаи 1 то 13
Рамзхои давлатии Ҷумхурии Тоҷикистонро номбар ва шарх дихед. Рамзҳои давлати аз парчам, нишон, суруди миллӣ иборат мебошад. Нишон аз тасвири тоҷ ва 7 ситора иборат мебошад. Парчам аз се ранг сабз, сафед ва сурх иборат мебошад. Ранги сабз сарсабзии кишвар, сафед пахта ва барфпўш будани кўҳҳо ва ранги сурх ягонагии ҷумҳурӣ ва бародари бо дигар халқҳои ҷаҳонро дар худ таҷассум менамояд.
Суруди Милли Чумхурии Точикистонро кироат намоед
(Матни суруди миллиро шоири халкии Точикистон Гулназар Келдиев навиштааст ва оханги он аз Сулаймон Юдаков соли 1961 эҷод шудааст).
Ташкилёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тоҷикистон ба ҳайси ҷумҳурии худмухтор дар ҳайати Ҷумҳурии Шуравӣ сотсиалистии Узбекистон моҳи октябри соли 1924 таъсис ёфтааст. Аз 16.10.1929с. ҳамчун Ҷумҳурии Шуравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил шуд. Аз 9.09.1991с. Шўрои Олии ҶумҳурииТоҷикистон Эъломия дар бораи истиқлолияти миллии Тоҷикистонро қабул кард. Тоҷикистон бо 111 давлати дунё равобити дипломатӣ дорад. Нахустин кишваре. ки дар Тоҷикистон сафоратхонаи худро ифтитоҳ намуд, Ҷумҳури Исломии Эрон буд.
Шохахои Хокимияти давлатии Ҷумхурии Точикистонро номбар намоед.
(Мутобиқи моддаи 9 Конститутсия хокимияти давлати дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, ичроия ва судӣ амали мегардад).
Ҷумҳурии Тоҷикистон кай Истиклолияти худро эълон кард?
(09.09 соли 1991 Эъломияи Истиклолият дар Шурои Олии ЧСС Точикистон кабул карда шуд).
Конститутсияи Ҷумхурии Точикистон кай кабул шудааст ва кадом солхо ба он тагироту иловахо ворид карда шудааст?
-06.11 соли 1994 тарики райъдихии умумихалки кабул карда шуда, иборат аз 10 боб ва 100 модда мебошад ва ба он;
-26.09 соли 1999 (Мачлиси Оли ба ду палата Мачлиси намояндагон ва мачлиси Милли таксим шуд)
-22.06 соли 2003 (мухлати ваколатхои Президент 7 сол эълон шуд,
-22.05.2016 сол, калимаи Сарқонун аз Конститутсияи Ҷумхурии Точикистон гирифта шуд ва синну соли Президенти аз 30 то 35 муайян карда шуд.
-Дар Тоҷикистон солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 конститутсияҳо қабул шудаанд. Конститутсияи дар ҳозир амалкунанда бо овоздиҳии умумихалқӣ 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардида, дар натиҷаи райурсии умумихалқӣ 26-уми сентябри соли 1999 ва 22-юми июни соли 2003 тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст. Конститутсия аз 10 боб ва 100 модда иборат аст.
Идхои миллии Точикистонро номбар намоед?
(09.09. Рузи Истиклолият, 21.03 Иди Навруз, 27.06 Иди Вахдати Милли, 08.03 Рузи Модар, 01.05 Рузи байналхалкии якдилии мехнаткашон, 09.05 Иди Галабаи халкхо бар фашизм, 06.11 Рузи Конститутсияи Точикистон, Иди Рамазон ва Иди Курбон дар мавридхои муайян)
Созишномаи умумии истикрори сулхи точикон кай ва дар кучо имзо шудааст? (рузи Вахдати Милли).
(27.06 соли 1997 дар ш.Москваи Россия созишнома байни рохбари иттиходи мухолифин С.Нури ва Президенти Точикистон Э.Рахмон ба имзо расид ва бо Фармони Президенти Точикистон он Рузи вахдати Милли эълон гардид).
Кахрамонони Чумхурии Точикистонро номбар намоед?
(С.Айни, Б.Гафуров, Э.Рахмон, М.Турсунзода, Н.Махсум, Ш.Шохтемур)
Вазифахои Президенти Чумхурии Точикистон Э.Рахмонро номбар намоед.
(Президенти Точикистон дар баробари вазифаи Президенти боз Раиси Хукумат, Сарфармондехи Куввахои Мусаллах, Раиси Шурои амният, Раиси точикони чахон, Раиси ХХДТ).
Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз чанд палата иборат аст?
(Мачлиси Намояндагони МО –раисаш Ш.Зухуров, Раиси Мачлиси Милли МО- М.Убайдуллоев).
Мукаддасоти Чумхурии Точикистонро номбар намоед.
(Нишони Милли аз 28.12 соли 1993, Парчами Милли аз 26.11 соли 1992, Суруди Милли аз 07.09 соли 1994 ва Конститутсияи Точикистон 06.11 соли 1994)
Дар бораи самтхои сиёсати иқтисодии Чумхурии Точикистон маълумот дихед.
(Чумхурии Точикистон дар самти сиёсати иқтисодии худ сиёсати дархои кушодро эълон намуда рохи асосиро ин баромадан аз бунбасти иқтисоди ва коммуникатсиони, истиклолияти энергетики, таъмини амнияти озукавори, баланд бардоштани сатхи зиндагии мардум, зиёд намудани чойхои кори, паст намудани сатхи камбизоати, хамкории дустона дар тамоми самтхо бо давлатхои наздик ва дур).
Оиди Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хизмати давлати» маълумот дихед.
(Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хизмати давлати» 05.03 соли 2007 тахти № 233 кабул гардида аз 5 боб ва 45 модда иборат аст).
Оиди Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросим дар Чумхурии Точикистон» маълумот дихед.
(Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросим дар Чумхурии Точикистон» Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Қонуни мазкур 28.08.17 кабул гардида аз 5 боб ва 16 модда иборат мебошад)
Дар бораи сиёсати хоричии Чумхурии Точикистон, ки аз Паёми Президенти Чумхурии Точикистон Эмомалӣ Рахмон бармеояд, маълумот дихед.
Кадом хизбу харакатхои расмии Чумхурии Точикистонро медонед?
(Дар Чумхурии Точикистон чунин хизбу харакатхои расми амалу фаъолият менамоянд;
- Хизби Халки Демократии Точикистон
- Хизби Коммунисти Точикистон
- Хизби Ислохоти Иктисодии Точикистон
- Хизби Аграрии Точикистон
- Хизби Сотсиалистии Точикистон
Хизби Социал-Демократии Точкистон
Сохтори давлатии Чумхурии Точикистон чи тавр мебошад?
(Мувофики моддаи 1 Конститутсия- Чумхурии Точикистон сохибихтиёр, демократӣ, хукукбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Сардори давлат ва Хукумат Президент буда сохти идоракуниаш призидентӣ аст.
Сохтори Парламент-Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон чи гуна мебошад?
Мувофики моддаи 48 Конститутсия Парламент-Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистон иборат аз 2 палата мебошад; 1.Мачлиси намояндагон 2.Мачлиси Милли)
Асоси иктисодиёти Точикистонро чи ташкил медихад?
(Мувофики моддаи 12 Конститутсияи Точикистон асоси иктисодиёти Точикистонро шаклхои гуногуни моликият ташкил дода, давлат фаъолияти озоди иктисоди, сохибкори баробархукуки ва хифзи хукукии хамаи шаклхои моликиятро аз ҷумла моликияти шахсиро кафолат медихад).
Ахамияти НБО Рогунро шумо барои иктисодиёт ва саноати Точикистон дар чи мебинед?
(Сохтмони НБО Рогун барои иктисод ва саноати Точикистон ахамияти мухим ва стратеги дорад. Бо анчоми сохтмони он Точикистон аз лихози энергетики мустакил гардида имконояти сохтани корхонахои бузурги саноати ба миён меояд, чойхои нави кори пайдо мегардад, сатхи ичтимои ва иктисодии мардум баланд меравад, аз фуруши барки зиёдати даромади бучаи мамлакат зиёд мегардад ва г.)
Масохати Точикистон чи кадар буда он бо кадом давлатхо хамсархад аст?.
(Масохати Точикистон 143.1 хаз.км.кв., буда дар кисмати марказии Осиё чойгир буда бо давлатхои Узбекистон, Кирғизистон, Чумхурии Мардумии Чин, Чумхурии Исломии Афгонистон хамсархад мебошад).
Чумхурии Точикистон аъзои кадом ташкилотхои байналмиллалӣ мебошад?
(Точикистон аъзои СММ-созмони миллали муттахид, СХШ-созмони хамкории Шонхай, ЕвроАзЭС- хамкорихои иктисодии Авру Осиё, СХИДИ-созмонии хамкорихои иктисодии давлатхои Исломи, ЭКО- созмони хамкорихои иктисодии Осиё, САХА- созмони хамкори ва амнияти Аврупо, СААД- созмони ахдномаи амнияти дастачамъи мебошад.)
Асосгузори Давлати Сомониён кист ва ин давлат чанд сол арзи хасти дошт?
(Асосгузори Давлати бузурги Сомониён Шох Исмоили Сомони аз авлоди Сомонхудоти Бухорои, миллаташ точик буда, баъди шикаст додани давлатхои Саффориён ва Тохириён дар асри 9 дар худуди давлатхои хозираи Точикистон, Афгонистон, Узбекистон, Киргизистон, кисми чанубии Казокистон, Туркманистон, кисмати шаркии Ирон (Хуросон таъсис ёфта, аз кариб 105 сол арзи вуҷуд дошт ва аз тарафи сулолаи туркони Қарахони ва Ғазнавиён барҳам дода шуд)
Оиди Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» маълумот дихед.
Қонуни ҶТ «Дар бораи мубза ба муқобили коррупсия» 25 – июли с. 2005
таҳти №100 қабул гардида аз 5 боб ва 18 модда иборат мебошад - коррупсия – ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробар кардашудае мебошад, ки мақоми худ ё имкониятҳои онро бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигари бо қонунҳо пешбининашуда, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартариятҳо бо мақсади моилкунӣ ва (ё) қадркунии онҳо барои иҷрои ин ё он кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ истифода мебаранд;
Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом санадхои байналмиллалиро оиди ҳуқуқхои инсонро эътироф кардааст ?
(Ҷумхурии Точикистон дар муддати сохибихтиёрии худ санадхои зерини
хукуки инсонро эътироф намудааст):
- Эъломияи ҳукуки башар,
- Созишнома дар бораи гурезагон,
- Паймони байналхалки дар бораи хукукхои шахрванд ва сиёси,
- Созишнома дар бораи хукукхои кудакон,
- Созишнома оид ба барҳамдихии хамаи шаклхои таъбизи нажоди,
- Созишномаи зидди азобу шиканҷа ва дигар шаклхои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсони ё таҳқиркунандаи шаъну эътибори инсон,
- Созишнома оиди барҳамдиҳии хамаи шаклҳои табъиз нисбати занон,
- Созишнома дар бораи ҳуқуқхои сиёсии занон,
-Созишнома дар бораи мубориза ба муқобили савдои одамон ва ба фоҳишагӣ ҷалб кардан аз тарафи шахсони сеюм.
Дар бораи Конуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мухтасар маълумот диҳед.
(Конуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» таҳти № 1339 аз 23.07 соли 2016 кабул гардидааст. муносибатҳоро вобаста ба тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ (минбаъд – мақомоту ташкилоти дахлдор), ирсол гардидаанд, танзим менамояд.
Принсипҳои асосии хизмати давлатиро номбар намоед.
(Хизмати давлати мутобики моддаи 7-и Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хизмати давлати» ба принсипхои зерин асос ёфтааст:
-Волоияти Конститутсия ва конунхои Ч.Т,
-афзалияти ҳукуку озодихои инсон,
ягонагии низоми хизмати новобаста аз таҷзияи хокимияти давлати ба хокимияти қонунгузор,иҷроия ва суд,
-садокат ба Ватан ва ба халқи Точикистон,
-инсондусти ва адолати иҷтимои,
-хусусияти дуняви доштани хизмати давлати,
-гайриҳизби будани хизматчии давлати,
-шафофият дар хизмати давлати, ба ҷуз фаъолияте,ки сирри давлати ва дигар сирри бо конун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад,
-касбият ва салоҳиятнокии хизматчии давлати,
-ихтиёри ва дастрас будани хизмати давлати,
-хисобдиҳанда будани хизматчии давлати ва ғайраҳо).
Салоҳияти конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед?
Дар моддаи 69-и конс-я салоҳияти Президент муайян карда шудааст. (Дар коститутсия ба През. зиёда аз 30 салоҳият дода ш-ст. Аз ҷумла -муайян намудани самтҳои сиёсати дохилӣ ва беруна, -Тоҷикистонро дар дохил ва муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ кардан, -таъсис ва барҳамдиҳии вазорату кумитаҳо, озод ва таъин намудани сарвазир ва дигар аъзои ҳукумат, гузоштани имзо ба қонунҳо, низоми пулиро муайян месозад, таъсиси Дастгоҳи иҷроияи Президент, Шўрои амният ва Шўрои адлия, ҳангоми таҳдиди хатари амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон мекунад, паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳад).
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» кай қабул шудааст?
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» аз 17 майи соли 2004 № 17 қабул карда шуда, аз 5 боб ва 39 модда иборат аст.
Тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро кадом қонун танзим менамояд?
Тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 № 17 «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба танзим медарорад.
Асосҳои иқтисодӣ ва молиявии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро номбар кунед?
Манбаъҳои иқтисодии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, ҷангал, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигариҳои табиӣ, ки дар воҳидҳои марзию маъмурии дахлдор воқеанд, ҳамчунин моликияти коммуналӣ ва дигар шаклҳои моликият низ, ки сарчашмаи даромади мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва қонеъ гардонидани талаботи иҷтимоию иқтисодии аҳолии воҳидҳои марзию маъмурии дахлдор мебошанд, ташкил медиҳанд.
Салоҳияти Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ноҳияро номбар кунед?
Салоҳияти Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва ноҳия дар моддаи 8 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 № 17 «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» нишон дода шудааст.
Салоҳияти раиси шаҳр, ноҳия
Салоҳияти раиси шаҳр, ноҳия дар моддаҳои 20 ва 21 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 № 17 «Дар
бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» нишон дода шудааст.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз кадом мақомот иборат аст?
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иборат буда , дар доираи салоҳияти худ амал мекунанд.
Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро номбар кунед?
Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, ки аз тарафи интихобкунандагони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия интихоб шуда, дар доираи ваколати худ масъалаҳои дорои аҳамияти маҳаллиро ҳал мекунанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳудуди воҳидҳои марзию маъмурии дахлдор иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро таъмин менамоянд.
Синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан чанд сол муқаррар карда шудааст?
Синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан барои занон то 58-солагӣ ва барои мардон то 63-солагӣ мебошад. Роҳбари мақоми давлатӣ метавонад баъди мувофиқа бо мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ бо қарори худ мўҳлати дар хизмати давлатӣ будани хизматчии давлатии ба синни ниҳоӣ расидаро то ду сол дароз намояд. Дар ин сурат бо хизматчии давлатӣ шартномаи (қарордоди) мўҳлатноки меҳнатӣ баста мешавад.
Критерияҳои асосии ба хизмати давлатӣ дохил шудан кадомҳоянд?
Дар асоси моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба хизмати давлатии сиёсӣ қабул шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Ба хизмати давлатии маъмурӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидаанд, ба талаботи тахассусии муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат мекунанд, метавонанд қабул карда шаванд. Шаҳрванд ба хизмати давлатӣ дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ қабул мегардад, ки намунаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Мафҳуми анъанаро маънидод намоед?
Анъана – маҷмўи арзишҳои моддӣ ва маънавии мероси иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва ё гурўҳҳои алоҳидаи ҷамъиятӣ буда, аз насл ба насл мегузарад.
Мафҳумҳои «ҷашн» ва «маросим»-ро маънидод намоед.
маросим - маҷмўи амалҳои рамзие мебошад, ки муносибати шахсон ва гурўҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳими ҳаёти фарҳангии ҷомеа муқаррар менамояд;
ҷашн - таҷлили рўйдодҳо ва ё санаҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, касбӣ ва оилавӣ мебошад.
Ҷашнҳои расмиро номбар намоед?
Ҷашнҳои расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд: 1 январ – Соли нав, 8 март –Рўзи байналхалқии занон, 21-22-23-24 март – Иди Наврўз, 1 май – Рўзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон, 9 май – Рўзи Ѓалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 27 июн- Рўзи Ваҳдати миллӣ, 9 сентябр- Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябр- Рўзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иди Рамазон, Иди Қурбон.
Маълумоти умумӣ дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот».
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» 5 августи соли 2009 қабул гардида, аз 5 боб ва 47 модда иборат аст.
Бобҳо :
- Муқаррароти умумӣ.
- Ташкил, ваколатҳо ва фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.
- Асосҳои иқтисодӣ ва молиявии фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак
ва деҳот.
- Интихоботи вакилони Ҷамоат.
- Муқаррароти хотимавӣ ва интиқолӣ.
Маълумоти умумӣ дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот».
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» 5 августи соли 2009 қабул гардида, аз 5 боб ва 47 модда иборат аст.
Бобҳо :
- Муқаррароти умумӣ.
- Ташкил, ваколатҳо ва фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.
- Асосҳои иқтисодӣ ва молиявии фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак
ва деҳот.
- Интихоботи вакилони Ҷамоат.
- Муқаррароти хотимавӣ ва интиқолӣ.
Дар бораи тартиби ташкили Ҷамоат маълумот диҳед.
Моддаи8.
1. Ҷамоат аз вакилон иборат буда, онҳо дар асоси принсипҳои умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мўҳлати 5 сол интихоб мешаванд.
2. Шумораи вакилони Ҷамоат дар маҷлиси ҷамоат муайян карда мешавад, ки онҳо аз 15 нафар кам ва аз 40 нафар зиёд буда наметавонанд. Ҳар як деҳа, новобаста аз шумораи интихобкунандагонаш, дар Ҷамоат бояд ҳадди ақал як нафар намоянда дошта бошад.
3. Ҷамоат дар сурати интихоб шудани на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон салоҳиятнок мебошад.
4. Фаъолияти Ҷамоат дар рўзи оғози маҷлиси якуми Ҷамоати нав интихобшуда қатъ мегардад.
5. Ҳангоми барҳамдиҳии воҳиди марзиву маъмурӣ Ҷамоат пароканда мешавад ва ваколати вакилони Ҷамоат қатъ мегардад.
6. Ҳангоми азнавташкилдиҳӣ (ҳамроҳшавӣ, муттаҳидшавӣ, табдилдиҳӣ, тақсимшавӣ ва ҷудошавӣ) воҳидҳои марзию маъмурӣ вакили Ҷамоат вакили Ҷамоати азнавташкилшудае мебошад, ки ба ҳайати он аксарияти интихобкунандагони вакил дохил мешаванд ва то оғози фаъолияти Ҷамоати нав интихобшуда ваколати худро нигоҳ медорад.
- Ҳангоми ташкили шаҳрак ё деҳоти нав масъалаи муайян намудани шумораи вакилони Ҷамоат, ташкили ҳавзаҳои интихобот, таъйини интихобот ва таъсиси комиссияи интихоботи Ҷамоат мутобиқи талаботи меъёрҳои Қонуни мазкур аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ё ноҳияи дахлдор ҳал карда мешавад.
Дар бораи фаъолият ва салоҳияти шўрои Ҷамоат маълумот диҳед
Моддаи 16.
- Шўрои Ҷамоат мақомоти коллегиалии Ҷамоат буда, дар ҳайати 7 - 11 нафар ташкил карда мешавад.
- Ба ҳайати шўрои Ҷамоат раиси Ҷамоат, муовини ў (муовинони ў), котиби Ҷамоат дохил мешаванд. Маҷлиси Ҷамоат ба ҳайати шўрои Ҷамоат дигар вакилонро низ интихоб карда метавонад.
- Шўрои Ҷамоат ҳар моҳ на камтар аз як маротиба даъват карда мешавад.
Моддаи 17. Салоҳияти шўрои Ҷамоат
- Шўрои Ҷамоат дар доираи салоҳияти худ:
- маҷлиси Ҷамоатро даъват мекунад ва рўзномаи онро тартиб медиҳад;
- фаъолияти комиссияҳои Ҷамоатро ҳамоҳанг месозад ва барои самаранокии кори онҳо мусоидат менамояд;
- барои ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони корхонаю ташкилотҳои мансуби моликияти коммуналии шаҳр ё ноҳия, ки дар ҳудуди Ҷамоат ҷойгиранд, розигӣ медиҳад;
- роҳбарони корхонаю ташкилотҳоеро, ки аз буҷети Ҷамоат маблағгузорӣ карда мешаванд ё Ҷамоат онҳоро таъсис додааст, бо пешниҳоди раиси Ҷамоат ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод мекунад ва барои тасдиқ ба маҷлиси Ҷамоат пешниҳод мекунад;
- назорати иҷрои қарорҳои Ҷамоатро ташкил мекунад;
- ба баррасии роҳбарони мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ оид ба шахсони мансабдори онҳо ва дигар ташкилотҳо, ки дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот фаъолият менамоянд, дар сурати аз ҷониби онҳо иҷро накардани талаботи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ пешниҳод ирсол менамояд;
- Шўрои Ҷамоат оид ба масъалаҳои салоҳияти худ қарор қабул мекунад, ки ба он раиси Ҷамоат имзо мегузорад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» кай қабул карда шудааст ва чиро муайян менамояд?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» 5 марти соли 2007 №233 қабул гардида, аз 5 боб ва 45 модда иборат аст. Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии хизмати давлатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
Принсипи ғайриҳизбӣ будани хизматчиёни давлатии мақомоти дахлдори давлатиро шарҳ диҳед?
Дар асоси талаботи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» принсипи ғайриҳизбӣ будани хизматчиёни мақомоти дахлдори давлатӣ, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, нишон дода шудааст. Мақсад ва мазмуни принсипи мазкур аз он иборат аст, ки хизматчии давлатӣ метавонад аъзои ин ё он ҳизби сиёсии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, вале барои ташвиқоти мақсад ва мароми ҳизбияш дар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳуқуқ надорад.
Ўҳдадориҳои хизматчии давлатӣ кадомҳоянд?
Дар асоси талаботи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» хизматчии давлатӣ ўҳдадор аст Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин хуқуқ ва манфиатҳои шахсони ҳуқуқиро риоя, ҳифз ва эхтиром намояд, муроҷиати шаҳрвандонро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ баррасӣ намуда, аз рўи онҳо чораҳои дахлдор андешанд, интизоми давлатӣ ва хизматиро риоя намояд, меъёрҳои одоби хизматиро дастури фаъолияти худ қарор диҳад, фармон ва амрҳои роҳбарон, қарор ва дастури мақомоти болоӣ ва шахсони мансабдорро, ки дар доираи ваколати онҳо дода шудаанд, иҷро намояд, сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонунҳо ҳифзшавандаро, аз ҷумла, баъди қатъи хизмати давлатӣ, дар давоми мўҳлати муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нигоҳ дорад, ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ маълумотро дар бораи ҳаёти шахсӣ, шаъну шарафи шаҳрвандон махфӣ нигоҳ дорад, аз онҳо пешниҳод намудани чунин маълумотро талаб накунад (ба истиснои мавридҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон), ҳифзи моликияти давлатиро таъмин намояд, дар мавриде, ки манфиатҳои шахсии хихзматчии давлатӣ аз доираи ваколатҳои ў мебароянд ё бо он мухолифат мекунанд, фавран ба шахси мансабдоре, ки ўро ҳуқуқи таъин ва озод кардан дорад, хабар диҳад, сатҳи касбӣ ва тахассусии худро барои иҷрои самараноки ўҳдадориҳои мансабӣ баланд бардорад, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур савганд ёд кунад. Ўҳдадориҳои мушаххаси хизматчии давлатӣ, ки аз ўҳдадориҳои асосӣ бармеоянд, тибқи талаботи тахассусӣ муайян карда шуда, дар дастурамалҳои мансабие, ки аз тарафи роҳбарони мақомоти давлатии дахлдор тасдиқ карда мешаванд, инъикос мегарданд.
Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ дар кадом асос гузаронида мешавад?
Дар асоси талаботи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Низомнома Дар бораи тартиб ва шароити гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2002 №878 тасдиқ шудааст бо мақсади такмили хизмати давлатӣ, беҳтар ба роҳ мондани тайёркунӣ, интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳо, таъмини мувофиқати онҳо ба мансаби ишғолнамуда, баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизмати давлатӣ (ба истиснои хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи олӣ) аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ гузаронида мешавад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» нисбати кадом мақомоти давлатӣ татбиқ мегардад?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» нисбат ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ки мансабҳои давлатии хизмати давлатиро дар мақомоти зерини давлатӣ ишғол менамоянд, татбиқ мегардад: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он, мақомоти дигари марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ (байниҳукуматӣ), мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан чанд сол муқаррар карда шудааст?
Синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан барои занон то 58-солагӣ ва барои мардон то 63-солагӣ мебошад. Роҳбари мақоми давлатӣ метавонад баъди мувофиқа бо мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ бо қарори худ мўҳлати дар хизмати давлатӣ будани хизматчии давлатии ба синни ниҳоӣ расидаро то ду сол дароз намояд. Дар ин сурат бо хизматчии давлатӣ шартномаи (қарордоди) мўҳлатноки меҳнатӣ баста мешавад.
Дар Тоҷикистон аз рўи таъинот чанд гурўҳҳои замин вуҷуд дорад?
Тамоми заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи таъиноти мақсаднокашон ба гурўҳҳои зайл тақсим мегарданд: 1) заминҳои таъиноти кишоварзӣ; 2) заминҳои маҳалҳои аҳолинишин (шаҳрҳо, шаҳракҳо ва маҳалҳои аҳолинишин); 3) заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, мудофиа ва таъиноти дигар; 4) заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихию фарҳангӣ; 5 ) заминҳои фонди давлатии ҷангал; 6) заминҳои фонди давлатии об ; 7) заминҳои захираи давлатӣ.
Кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзими муносибатҳои заминистифодабариро медонед?
Муносибатҳои вобаста ба замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин» аз 5 марти соли 1992, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 , Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи заминсозӣ » аз 12 майи соли 2001, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) » аз 10 майи соли 2002 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.
Салоҳияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар танзими муносибатҳои вобаста ба истифодаи замин кадомҳоянд?
Дар асоси моддаи 8 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамоатҳо дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин дар қаламрави маҳалҳои аҳолинишини деҳот чунин салоҳиятҳо доранд: а) ба мақомоти ҳокимияти маҳаллии шаҳрҳо ва ноҳияҳо пешниҳод намудани таклифҳо доир ба ҷудо намудани қитъаи замин; б) додани заминҳои иловагии наздиҳавлигӣ ва заминҳои ёрирасони шахсӣ, ки тибқи тартиби муайяншуда ҷудо карда шудаанд; в) муқаррар ва тасдиқ намудани андозаи заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи меъёрҳое, ки дар моддаи 71 ҳамин Кодекс оварда шудааст; г) тартиб додани китобҳои хоҷагидорӣ,бурдани рўйхати заминистифодабарандагон ва шартномаҳои иҷора, инчунин ба танзим даровардани заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои иловагии ёрирасони шахсӣ; д) назорати истифода ва ҳифзи заминҳо; е) тасдиқ кардани ҳуҷҷатҳои заминсозие, ки ба иҷрои корҳо дар заминҳои дар ихтиёри онҳо буда, алоқаманданд.
Мўҳлати кўтоҳмуддат ва дарозмуддати истифодаи қитъаи замин барои шахсони воқеию ҳуқуқӣ то чанд сол мебошад? Мутобиқи моддаи 14 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 № 326 истифодаи мўҳлатноки қитъаҳои замин ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба мўҳлати муайян дода мешаванд. Истифодаи мўҳлатноки замин метавонад кўтоҳмуддат- то се сол ва дарозмуддат- аз се то бист сол бошад.
Кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба расмият даровардани ҳуқуқи истифодаи заминро тасдиқ мекунанд?
а) Ҳуқуқи истифодаи мўҳлатнок, бемўҳлат ва истифодаи меросии якумраи заминро:
- сертификати ҳуқуқи истифодаи замин мукаррар мекунад;
- миқдори саҳми замини бо Шаҳодатномаи саҳми замин муайян карда мешавад;
- шаҳрвандоне, ки замини наздиҳавлигӣ доранд, ҳуқуқ доранд тавассути мақомоти заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро гиранд.
б) Ҳуқуқи иҷораи қитъаи замин дар асоси шартномаи иҷора;
Сабти давлатии ҳуқуқи истифодаи замин аз тарафи мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он амалӣ мешавад. Ҳуқуқи ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба истифодаи замин аз лаҳзаи ба даст овардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин оғоз меёбад.
Мансабе, ки ишғол менамояд, категорияи чандуми мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ мебошад ?
Уҳдадориҳо ва вазифаҳои мансабӣ аз рў мансабе, ки ишғол менамоед, кадомҳоянд ?
Малака ва маҳорати кор бо компютер.
Донистани забони хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ғ.). Шарҳи ҳоли худ бо яке аз забонҳои хориҷӣ (махсусан русӣ).
Маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр бо забони давлатӣ (тоҷикӣ).