Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Мутахассиси пешбари дастгоҳи марказии Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2088 сомонӣ.
  2. Мудири Бахши Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2821,50 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси Бахши Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2099,6 сомонӣ.

 

Талаботи тахассуси:

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассуси:

Барои ишғоли мансаби мудири Бахш:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассуси:

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 адад акси 4х6;

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);

- маълумотнома аз мақомоти андоз оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молу мулкӣ;

- нусхаи шиносномаи шаҳрвандӣ;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

- маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;

- маълумотнома (объективка);

- папка файли 60 варақа;

- Тавсифнома аз ҷойи кори охирон;

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

   Шаҳри Душанбе, кӯчаи Мушфиқӣ - 23.

Телефонҳо барои маълумот: 233-30-85, 233-30-85.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.

 

Саволҳо барои озмуни БНТК

 

1.Савол: Моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳр дода шавад.

2.Савол: Рамзҳои давлатии Тоҷикистон номбар карда шавад.

3.Савол: Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом сол таъсис дода шудааст?

4.Савол: Низомномаи Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд маротиба қабул шудааст.

5.Савол: Хизмати давлатӣ чист?

6.Савол: Фаъолияти Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ дар асоси кадом санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ  ба роҳ монда шудааст?

7.Савол:  Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамоянд.?

8.Савол: Се шохаи асосии ҳокимияти давлатиро номбар кунед?

9.Савол: Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» дар асоси кадом принсипҳо амалӣ мегардад.

10.Савол:  Моддаи 262. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро шарҳ диҳед ?

11.Савол:  Мафҳуми “терроризм  ва амалӣ террорестиӣ  шарҳ дода шавад.

12. Савол: Кай ва бо кадом роҳ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағийроту иловаҳо ворид карда шудааст?

13.Савол:Дар  бораи Консепсияи  сиёсати даавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин маълумот пешниҳод намоед?

14 Савол: Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ аз ҷониби кӣ муайян карда мешавад.?

16.Савол: Дар асоси кадом санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ муоинаи ҳатмии давлатии солонаи техникаи кишоварзӣ гузаронида мешавад?

17.Савол:Тартиби қабули имтиҳон ва ба шаҳрвандон додани шаҳодатномаи ронандагии «механизатор-мошинист» дар асоси кадом санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад?

18.Савол: Тартиби ба қайдгирӣ ва баҳисобгирии тракторҳо, комбайнҳо, мошинҳои худгард ва ядаку нимядакҳои тракториро кадом санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба танзим медарорад?

19.Савол: Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» чанд бор қабул шудааст?

20.Савол: Парламенти касби чи маъно дорад?

21. Савол: Синни ниҳои дар хизмати давлатӣ.?

22.САВОЛ: Муоширати хизматчии давлатӣ бояд чӣ гуна бошад?

23.САВОЛ: Шахси мансабдор кист?

24.САВОЛ: Роҳбар кист?

25.САВОЛ: Зери мафҳуми ҷаласаи корӣ чиро мефаҳмед?

26.САВОЛ: Зери мафҳуми вазифа чиро мефаҳмед?

27.САВОЛ: Вакансия чист?

28.САВОЛ: Хизматчии давлатӣ дар давоми сол ба ғайр аз рухсатии расмии пардохтшаванда боз чӣ гуна ба рухсатиҳо баромада метавонад?

29.САВОЛ: Музди меҳнати хизматчии давлатӣ аз кадом унсурҳо иборат мебошад?

30.САВОЛ: Оё хизматчии давлатӣ ҳуқуқ ба тиҷорат машғул шудан дорад?

31.САВОЛ: Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ дар кадом асос гузаронида мешавад ва аз аттестатсияи навбатӣ гузараштани хизматчиёни давлатӣ дар кадом мўҳлат муқаррар карда шудааст?