Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумита - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида,кор  бо  компютер,донистан  ва  риоя   намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои   хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ – 2204 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

  1. Сармутахассиси бахши таҳсилоти динии Кумита - 1 ҷой,

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин

пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони Раиси Кумита;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

- тарҷумаи ҳол;

- 4 дона расм (2 дона 4х6, 2 дона 3х4);

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- нусхаи шиноснома;

- нусҳаи гувоҳномаи рақами  мушаххаси андозсупоранда;

- нусхаи СИН;

- маълумотномаи доғи судӣ

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи дафтарчаи ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро  адо  намудаанд);

- маълумотнома (объективка) аз ҷойи кор.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

   Шаҳри Душанбе, кўчаи Низоми Ганҷавӣ 420, интекс:734043

Телефон барои тамос: 233-69-65.

 Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

   Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.