Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3814,25 сомонӣ.
  2. Мудири бахши иттилоот, технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2100,45 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси 1 шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ.
  4. Мудири бахши кишоварзии МИҲД-и ноҳияи Фирдавсӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2100,45 сомонӣ.
  5. Сармутахассиси бахши ободонї ва кабудизоркунии МИҲД-и ноҳияи Фирдавсӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1902,40 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои

маъмурии хизмати давлатӣ

 

         Барои ишғоли мансаби роҳбари дастгоҳ:

         - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

         - 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

         - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

         - малакаи хуби муошират бо ањли љомеа, аз љумла мањорати ба роњ мондани њамкорї њангоми татбиќи манфиатњои давлатї.

 

         Барои ишғоли мансаби мудири бахш:

         - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

         - 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

         - дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

         - малакаи хуби муошират бо ањли љомеа, аз љумла мањорати ба роњ мондани њамкорї њангоми татбиќи манфиатњои давлатї.

 

         Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

         - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

         - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

         - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин

пешниҳод карда мешаванд:

         - аризаи шахсӣ ба унвони роҳбари мақомот;

         - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона расми андозаи 3х4);

         - тарҷумаи ҳол;

         - нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

         - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

         - маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038УЕ);

         - нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

         - эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молу мулкии худ;

         - нусхаи шиноснома;

         - нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

         - маълумотнома (резюме) дар шакли хаттӣ ва электронӣ;

         - маълумотнома оид ба доғи судӣ.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев 40

Телефонҳо барои тамос: 233-60-32; 233-60-12

         Эзоҳ: муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.