Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Мудири шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Раёсати маорифи вилоят - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1915 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилоят - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170 сомонӣ.
  3. Мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилоят – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 963 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ ва омори Раёсати маорифи вилоят - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1170 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мудири шуъба:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

 - аризаи шахсӣ ба унвони сардори раёсат;  

 - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

 - тарљумаи ҳол;

 - нусхаи ҳуљљатҳо дар бораи таҳсилот;

 - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

 - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

 - нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

 - маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

 - нусхаи шиноснома;

 - нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

  намудаанд)

  - маълумот оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ

 -маълумотнома аз ҷойи  истиқомат

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

   Шаҳри Хучанд, кӯчаи Шарқ, №29.

Телефонҳо барои маълумот: 6-67-46,  4-34-62

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.