Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Муовин-мудири шуъбаи таҳсилоти миёнаи умумӣ - 1 ҷой,

  Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

  -таҳсилоти  олии  касбӣ  (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои табиӣ-риёзӣ бартари дода мешавад);

 - 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ  ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рўи ихтисос;

 - донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

 - донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

 - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

 - кор карда тавонистан бо компютер.

    Маоши мансабӣ - 2339,3 сомонӣ, иловапулӣ  барои  собиқаи  хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мудири бахши раёсати маорифи вилоят дар минтақаи Кўлоб - 1 ҷой,

 Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои табиӣ-риёзӣ бартари дода мешавад);

 - 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ  ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ аз рўи ихтисос;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

    Маоши мансабӣ - 1571,95 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи таҳсилоти умумии Раёсати маорифи вилояти Хатлон - 1 ҷой,

  Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

 -таҳсилоти  олии  касбӣ  (ба таҳсилоти  олии касбии ихтисосҳои табиӣ-риёзӣ бартари дода мешавад);

 - донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

 - донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

 - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

 - кор карда тавонистан бо компютер.

   Маоши мансабӣ - 1170,30 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари бахши банақшагирӣ иқтисод ва захираҳои кадрии  Раёсати маорифи вилояти Хатлон - 1 ҷой,

  Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

 -таҳсилоти олии касбӣ (ба таҳсилоти  олии касбии ихтисосҳои табиӣ-риёзӣ бартари дода мешавад);

 - донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

 - донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

 - малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

 - кор карда тавонистан бо компютер.

   Маоши мансабӣ - 1170,30  сомонӣ, иловапулӣ  барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

-ариза ба унвони сардори Раёсат;

-варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

-шарҳи ҳол;

-нусхаи диплом;

-2 дона расми ¾

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-нусхаи шиноснома;

-маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;

-маълумотнома аз мақомоти  андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

-нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андоз супоранда).

-маълумотнома аз ҷойи истиқомат;

-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  038 УЕ;

-нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати  ҳарбиро адо   

 намудаанд);

-маълумотнома (справка-абъективка);

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

   Шаҳри Бохтар, кўчаи Бобоҷон Ѓафуров-17, бинои Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Телефон барои тамос: 2-38-80

Мухлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.