Рейтинг:  5 / 5

Звезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активна
 
  1. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Зонг – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1287 сомонӣ.

Талаботи тахассуси барои довталабон:

 - таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисосҳои равияҳои диншиносӣ, шарқшиносӣ, таърихшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ, иқтисоди идоракунии давлатӣ, фалсафӣ, омўзгорӣ.       

 - 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ

 - донистани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”,“Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”.

 - донистани забони давлатӣ ҳатмист ва донистани яке аз забонҳои хориҷӣ;

 -  мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқӣ манфиятҳои давлатӣ;

- маҳорати кор бо технологияи муосир (компютер).

 

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Ишкошим – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1246 сомонӣ.

 Талаботи тахассуси барои довталабон:

 -таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисосҳои гуманитарӣ, аз ҷумла таърих ва ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ, шарқшиносӣ, филологияи тоҷик, иктисодчӣ;

 -донистани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”,“Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”.

 - донистани забони давлатӣ ҳатмист ва донистани яке аз забонҳои хориҷӣ;

 - мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқӣ манфиятҳои давлатӣ;

- маҳорати кор бо технологияи муосир (компютер);

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба номи раиси ноҳия;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома оид ба доғи судӣ

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Маркази  ноҳияи Ишкошим, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Ишкошим , кӯчаи М.Бобоков 7.Индекс 736500

Телефонҳо барои тамос: 93-541-41-70, 501-07-36-59 факс: (83553) 21-1-25

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.