Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Мутахассиси пешбари бахши дастгирии соҳибкории Раёсат - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 972,90 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ:

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони сардори Раёсат;

- варақаи баҳисобгирии кадрҳо;

- тарҷумаи  ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- 2 дона расми андозааш 4х6;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андоз супоранда);

-маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  038 УЕ;

- нусха билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адонамудаанд);

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

    Шаҳри Бохтар, кўчаи Сино-3

Телефон барои тамос: 2-31-86

Муҳлати қабулиҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

      Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳармоҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.