Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

 

  1. Мудири бахши молия ва муҳосиботи Кумита - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1825 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумита – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1577 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари бахши иттилоотии Кумита- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1286 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари бахши молия ва муҳосиботи Кумита – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1286 сомонӣ.
  5. Мутахассиси шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои Кумита – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1062 сомонӣ.

                                                                  

Талабот тахассуси

Барои ишғоли мансабӣ мудири бахш:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талабот тахассуси

Барои ишғоли мансабӣ сармутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талабот тахассуси

Барои ишғоли мансабӣ мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талабот тахассуси

Барои ишғоли мансабӣ мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

- варақаи баҳисобгирии кадрҳо;

-  2 адад акси 4х6;

- нусхаи диплом;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);

- нусхаи шиноснома;

- шарҳи ҳол;

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

- нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома (справка-объективка);

-маълумотномаи доғи судӣ.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, кӯчаи Академикҳо, Раҷабовҳо,

Телефонҳо барои тамос: 3 3772 – 227-24-38, 221-34-71,

 e-mail:Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

    Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.