Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси шуъбаи савдо ва мониторинги бозори истеъмолӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1427,60 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи ҳамкории иқтисодии хориҷӣ - 1 ҷой маоши мансабӣ -1427,60 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари шуъбаи муносибатҳои молиявию қарзӣ - 1 ҷой, - маоши мансабӣ – 1170,30 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии иқтисодӣ, ихтисоси соҳаи ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;    

- донистани забонҳои хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии иқтисодӣ, ихтисоси соҳаи ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани забонҳои хориҷӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- малакаи кор бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун  
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- аризаи шахси ба унвони Сардори Раёсат;  

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

  намудаанд)

-маълумот оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ

-гувоҳномаи иқомат

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Р.Набиев 45, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ошёнаи 5, Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.