Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сардори Шуъбаи муҳосибот ва хоҷагии Кумита - 1 ҷой,

   Талаботи тахассусӣ барои довталабон

- таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, молиявӣ, технологияҳои муосири электронӣ ва дигар ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

-   4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-  донистани таърих, фарҳанг, муқадасоти милли, забони давлатӣ ва як забонӣ хориҷӣ;

-  донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-  донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабии сардори Шуъбаро  ба танзим медароранд;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-  мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-  на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

-  кор карда тавонистан бо компютер;

-  сардори Шуъба бояд ба талаботи махсус ҷавоб диҳад:

- дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳа ва хизмати давлатӣ (меҳнат) бошад.

     Маоши мансабӣ - 2115,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ;

 

  1. Мудири Бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ – 1 ҷой,

  Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

 - таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, мутахассиси соҳаи идоракунии давлатӣ ё гуманитарӣ ва дигар ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё  4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва  санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири бахшро ба танзим медароранд;

-мавҷудияти дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ.

-дорои дониш ва малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ бошад;

 - бо компютер кор карда тавонад.

     Маоши мансабӣ - 1735,85 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Сармутахассиси Раёсати рушди сайёҳии Кумита - 1 ҷой,

  Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии сайёҳӣ, ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, омӯзгорӣ, соҳаи идоракунии давлатӣ, гуманитарӣ, технологияҳои муосири электронӣ ва дигар ихтисосҳои ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ  ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Раёсатро ба танзим медароранд;

-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ  мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

-кор карда тавонистан бо компютер.

     Маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Сармутахассиси шуъбаи муҳосибот ва хоҷагии Кумита - 1ҷой,

  Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ, молиявӣ, технологияҳои муосири электронӣ ва дигар ихтисосҳои ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Шуъбаро ба танзим медароранд;

-мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

-кор карда тавонистан бо компютер.

     Маоши мансабӣ - 1735,85 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

-аризаи шахсӣ ба номи Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);

-тарҷумаи ҳол (хаттӣ ва чопӣ);

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли № 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

-эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молу мулкии худ (эъломияи андоз);

 -нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро  адо намудаанд).

-маълумотнома аз ҷои истиқомат;

-маълумотнома оиди доғи судӣ (ИТС);

-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

-маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, кӯчаи Академик Раҷабовҳо 3,

индекс: 734025,

Телефон барои тамос : (372) 27-85-79

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.