Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Дастгоҳи марказӣ

  1. Мудири бахши муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1825,25 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1352,90 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1352,90 сомонӣ.

 

Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон:

  1. Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1220,70 сомонӣ.
  2. Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1013,20 сомонӣ.

 

Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд:

  1. Мутахассис – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 962,8 сомонӣ.

 

Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон:

  1. Сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1427,6 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбар – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1170,3 сомонӣ.
  3. Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 962,80 сомонӣ.

 

Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Њисор:

  1. Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,2 сомонӣ.

 

Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт:

  1. Сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1294,80 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1062,40 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғолкунандагони мансаби мудири бахш:

таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. 

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:

  таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:

 – таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:

 – таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

 

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

– ариза ба унвони роҳбари мақомот;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи шиноснома;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ, шакли 038УЕ;

– нусхаи гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкӣ;

– маълумотнома оид ба доғи судӣ;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

– нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (СИН);

–нусхаи маълумотнома дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ;

– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

– 2 дона акси андозаи 4х6 ва 2 дона акси андозаи 3х4;

– маълумотнома (справка-объективка) бо акси ранга.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кўчаи Садриддин Айнӣ 126, шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ (Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, ошёнаи 3), телефон 225-83-28, 225-83-32.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.