Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Мудири робитаҳои байналмилалӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 2116 сомонӣ.

Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад ва 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ, ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

  1. Мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ 1- ҷой, маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ.

  Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад.

 

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи молия ва иқтисод 1- ҷой, маоши мансабӣ - 1286 сомонӣ.

  Талаботҳои тахассусӣ барои довтвлабон:

- таҳсилоти олии ё миёнаи касбӣ,  ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад ва 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

 

  1. Мутахассиси шуъбаи молия ва иқтисод - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ.

Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
  • варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо ду дона акси андозаи 4х6);
  • тарҷумаи ҳол;
  • нусҳаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи меҳнатӣ дошта бошад);
  • маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038УЕ;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
  • нусхаи шиноснома;
  • нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
  • маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1, Е-mail Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., Телефон барои тамос: (+992 372) 2365370.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

  Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.