Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси раёсати таъминоти методии сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1498 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1498 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе - 1 ҷой маоши мансабӣ - 1225 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуҳуқ, котибот ва ташкилии сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1225 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти кадрҳои сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе - 1 ҷой - маоши мансабӣ - 1225 сомонӣ.
  6. Мутахассиси шуъбаи  банақшагирӣ, ояндабинӣ, таҳияю иҷрои буҷет ва таъминоти моддӣ- техникии сарраёсати  маорифи шаҳри Душанбе - 1 ҷой маоши мансабӣ - 960 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

                              Барои ишғоли мансабӣ сармутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё  3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурии тоҷикистон;

-донистани конститутсияи ҷумҳурии тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурии тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи ҷумҳурии тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси раёсатро ба танзим медароранд;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани  таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ;

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурии тоҷикистон;

- донистани конститутсияи ҷумҳурии тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурии тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи ҷумҳурии тоҷикистон, ки иҷрои ўҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шўъбаро ба танзим медароранд;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ.

- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурии тоҷикистон;

-донистани конститутсияи ҷумҳурии тоҷикистон дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи ҷумҳурии тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медароранд;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- на камтар аз 1 маротиба дар 3 сол баланд бардоштани тахассуси касбӣ;

-кор карда тавонистан бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 086 уе;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, «хиёбони  рўдакӣ 18»

Телефонҳо барои тамос: 227-46-65, 917-93-88-88.

Сомонаи сарраёсати маорифи шаҳри дуашнбе -www.dushanbemaorif.tj, e-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.