Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3300,35 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1660,00 сомонӣ.
  3. Сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кўдак – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3300,35 сомонӣ.
  4. Мутахассиси раёсати ҳифзи ҳуқуқи кўдак – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1112,20 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари раёсати муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1352,90 сомонӣ.
  6. Сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3300,35 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1352,90 сомонӣ.
  8. Сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 3300,35 сомонӣ.
  9. Сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ – 3 ҷой, маоши мансабӣ - 1660,00 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти томактабӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1352,90 сомонӣ.
  11. Сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2056,20 сомонӣ.
  12. Сармутахассиси шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1660,00 сомонӣ.
  13. Сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ - 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1660,00 сомонӣ.
  14. Мутахассиси шуъбаи сифати таҳсилот – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
  15. Сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорати иҷро - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1660,00 сомонӣ.

 

Талаботҳои тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сардори раёсат:

  • таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ва ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
  • малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботҳои тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

  • таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботҳои тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

  • таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

 

Талаботҳои тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

  • таҳсилоти олии касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

– таҳсилоти олӣ ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- малакаи кор  бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;

-маълумотнома аз ВКД (оид ба доғи судӣ)

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, кўчаи Нисормуҳаммад-13А,

Телефонҳо барои тамос: 221-37-65, 227-67-07, факс: 221-70-25, суроғаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., сомона: www.maorif.tj 

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.