Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

  1. Мудири шуъбаи назорати иҷрои дастгоҳи Раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1825 сомонӣ.
  2. Мудири бахши ҳуқуқи дастгоҳи Раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1497 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1112 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати иҷрои дастгоҳи Раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1112, 00 сомонӣ.
  5. Мутахассиси шуъбаи назорати иҷрои дастгоҳи Раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 913, 00 сомонӣ.
  6. Сармутахассиси шуъбаи коммуналӣ ва манзилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1361,20 сомонӣ.
  7. Сармутахассиси шуъбаи сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1361,20 сомонӣ.
  8. Сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1361,20 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1112 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1112,20 сомонӣ.
  11. Мутахассиси шуъбаи коммуналӣ ва манзилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 913 сомонӣ.
  12. Мутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 913 сомонӣ.
  13. Мутахассиси шуъбаи кишоварзӣ ва ободонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 913, 00 сомонӣ.

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби мудири шуъба:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ , ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- малакаи кор бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;

- варақаи шахсии ба ҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 3х4);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд)

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

   Хиёбони Исмоили Сомонӣ 62, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо

Телефонҳо барои тамос: 250 30 30, 250 30 25.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

         Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.