Рейтинг:  5 / 5

Звезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активна
 

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР:

  1. Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Левакант 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбӣ,  ихтисоси ба мансаби  ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ўҳдадориҳои мансабии роҳбари дастгоҳи раиси шаҳрро ба танзим медароранд.

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти  миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба инобат гирифта мешавад.

- мавҷудияти дониш ва малакаи банақшагирии  раванди  кор,  малакаи хуби  муошират бо аҳли  ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ  мондани  ҳамкорӣ  ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи 2-юм ва 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Маоши мансабӣ - 2719,25 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои  дастгоҳи раиси шаҳр - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- маълумоти олӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад ва идоракунии давлатӣ бартарӣ  дода мешавад;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (донистани забони хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад), кор бо компютер, донистан ва риоя намудани Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мазкурро ба танзим медароранд;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

Маоши мансабӣ - 1112,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- маълумоти олӣ, таҳсилоти олии касбии соҳаи сармоягузорӣ, иқтисодӣ, молия ва қарз, иқтисодиёти ҷаҳонӣ, дигар ихтисосҳои муносиб;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (донистани забони хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад), кор бо компютер, донистан ва риоя намудани Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист;

- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мазкурро ба танзим медароранд;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

Маоши мансабӣ - 1112,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси шуъбаи иқтисод, саноат ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии ихтисосҳои иқтисодчӣ, соҳаи саноат ва идоракунии манзил;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ўҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд;

- мавҷудияти дониш ва банақшагирии раванди кор, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва кор карда тавониста бо компютер ба инобат гирифта мешавад;

Маоши мансабӣ - 913,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой,

Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии ба таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои омӯзгор, ҳуқуқшинос, психолог, сотсиолог ва идоракунии давлатӣ бартарӣ  дода мешавад;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрӣ;

- ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадории мансаби мутахассиси пешбарро ба танзим медароранд;

- малакаи кор бо компютер;

Маоши мансабӣ - 913,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

ВОҲИДҲОИ СОХТОРИИ

МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ:

  1. Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» - 1 ҷой,

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии касбии муҳандис-заминсоз, танзими замин, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин, муҳандис-мелиоратор, мелиоратсия, агроном, агрономӣ ва хокшиносӣ, геодезия, топограф ва харитасоз;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси заминӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, ки ўҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

Маоши мансабӣ - 1236,70 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Сармутахассис-заминсози Ҷамоати деҳоти «Гулистон» - 1 ҷой,

Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:   

- таҳсилоти олии касбии кишоварзӣ ва заминсоз;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси заминӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, ки ўҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд;

- мавҷудияти дониш ва малакаи банақшагирии раванди кор, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва бо компютер кор карда тавонистан ба инобат гирифта мешавад;

- 2 сол хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

Маоши мансабӣ - 1236,70 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбар Ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» оид ба соҳаи сохтмон - 1 ҷой,

Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:   

- таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои меъморӣ, муҳандис-меъмор ва муҳандис-сохтмон;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ўҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва кор карда тавонистан бо компютер ба инобат гирифта мешавад;

- мавҷудияти дониш ва малакаи банақшагирии раванди кор, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

Маоши мансабӣ - 1012,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбар Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти «Гулистон» - 1 ҷой,

Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:   

- таҳсилоти олии касбии фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқшиносӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ўҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва кор карда тавонистан бо компютер ба инобат гирифта мешавад;

- мавҷудияти дониш ва малакаи банақшагирии раванди кор, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

Маоши мансабӣ - 1012,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси пешбар Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» - 1 ҷой,

Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:   

- таҳсилоти олии касбии фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқшиносӣ;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ўҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва кор карда тавонистан бо компютер ба инобат гирифта мешавад;

- мавҷудияти дониш ва малакаи банақшагирии раванди кор, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

Маоши мансабӣ - 1012,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси Ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» оид ба соҳаи омор - 1 ҷой,

Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:   

- таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбии соҳаи омор, иқтисодиёт ва риёзиёт;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ўҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва кор карда тавонистан бо компютер ба инобат гирифта мешавад;

- мавҷудияти дониш ва малакаи банақшагирии раванди кор, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

Маоши мансабӣ - 830,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

  1. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Ваҳдат оид ба соҳаи омор - 1 ҷой,

Талаботҳои тахассусӣ барои довталабон:   

- таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбии соҳаи омор, иқтисодиёт ва риёзиёт;

- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ўҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд.

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва кор карда тавонистан бо компютер ба инобат гирифта мешавад;

- мавҷудияти дониш ва малакаи банақшагирии раванди кор, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

Маоши мансабӣ - 830,00 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

           Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

- ариза ба унвони раиси шаҳр;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 3х4 ва 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);

- тарҷумаи ҳол (хаттӣ);

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли № 038);

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома оиди доғи судӣ;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

- нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

   Шаҳри Левакант, кўчаи Н.Хусрав-23, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Левакант

Телефон барои тамос:  8(3250) 6-15-73

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.