Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Дастгоҳи раиси ноҳия

  1. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1735,85 сомонӣ.

 

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия:

  1. Сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1427, 60 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари бахши саноат ва коммуналии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансаби - 1062,40 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ.

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот:

  1. Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати шаҳраки Ховалинг - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбар оид ба ҷамъоварии андози Ҷамоати шаҳраки Ховалинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Ховалинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбар оид ба ҷамъоварии андози Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбар оид ба ҷамъоварии андози Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1062,40 сомонӣ.
  8. Сармутахассиси дин, танзимианъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1427, 60 сомонӣ.
  9. Мутахассиси коргузор, назорат ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 871, 50 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мудири шуъба:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-  малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-  малакаи кор бо компютер.

                    

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-  малакаи кор бо компютер.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

- малакаи кор бо компютер.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои

зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли замимаи 1 ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи

меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи ҷойи зист ва оиладорӣ;

- эломия аз нозироти андоз дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо

намудаанд).

-гувоҳнома дар бораи надоштани доғи судӣ

                                      

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Ноҳияи Ховалинг, кӯчаи И.Сомонӣ 1, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия

Телефонҳо барои тамос:  8331720126, 8331720124

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

      Эзоҳ:  Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.